Arzon march 2024
Зарбаи тақдир (ҚИСМИ 2)
21.08.2024
АРДАШЕР
1829

Теша ба решаи ғам заду гуфт:

- То омадани дадеш аз ҳамсоя якто нон қарз мегирем. Боке нест, ҳамин ки дадеш омаданд, ҳатман бармегардонем.

“Гулбаҳор маро хуб медонад, вай дугонаи ҷонӣ, як рӯз таъна намезадагист!? Охир ману вай апаву хоҳари қиёматӣ. Чанд бор нон қарз гирифтем, чизе нагуфт, ин бор ҳам намегӯяд”,- худ ба худ меандешид Марҷона.

Келничак писарчааш Азизро ҷеғ заду таъин кард, ки аз хонаи Гулбаҳори ҳамсоя нон орад. Азиз давидакунон ба хонаи ҳамсоя рафту дуто нони хонагӣ гирифта омад.

Гулбаҳор ҳам, ки ин рӯзҳоро аз сар гузаронида буд, лом нагуфта, ҳар чизе, ки Марҷона пурсад, медод. Ҳалолкорӣ, покизагӣ ва дили софи Марҷона Гулбаҳорро ба худ ром карда буд. "Марҷона, шумо барин зан дар дунё нест. Шумо якто",- гуфта мемонд ҳар замон.

***

Сафар ҳоли хароби хонаро дида, дилаш реш мешуд. Дастони аз захми сӯзан шахшӯлшудаи Марҷона бошад, ӯро ғамгинтар мекард.

Сафар ин дафъа бо ҷиддият гуфт:

- Марҷон, аввали баҳор ҳама ҷойи хонаро таъмир мекунем!

Марҷона табассуми малеҳе карду розӣ буданашро бо ишораи сар фаҳмонд ва гуфт:

- Дадаҷонаш, аввал қарзҳоямонро диҳем, таъмири хона намегурезад. Баъди як-ду сол обод кунем ҳам, мешавад,- ҷавоб дод келинчак.

Қарзҳоямонро гуфтани Марҷона Сафарро то андозае ҷон бахшид. Ӯ аз хурсандии зиёд ба куртааш намеғунҷид, зеро барои таъмир кардани хона пули ҳангуфт лозим буд. Ӯ аз ғояти хурсандӣ аз пешонаи завҷааш бӯсиду навозиш карду аҳсан хонд. Сафар шукрона мекард, ки Худованд ба ӯ чунин ҳамсари боақлу бошуур ва соҳибҷамолу пурбардор ато кардааст.

Марҷона ҳеҷ гоҳ ба шавҳараш наменолид, баръакс, дар вақти ғамгиниву парешонхотирияш қуввати дил ва марҳами розаш мешуд.

Одатан охирҳои моҳи октябр ва ноябр мардум ба гӯр кардани ток машғул мешаванд. Марҷонаву Сафар ҳам ҳамроҳи фарзандонаш ғарқи рӯйпӯш кардани дарахти ангур буданд. Хурсандона якта-нимта ангурҳои боқимондаро гирифта барои зимистон захира мекарданд.

Ҳамин замон аз дарвозаи бедари хона улфатҳои Сафар омаданду барои зиёфатхӯрӣ даъват карданд. Пойи Сафар барои ба зиёфатхӯрӣ рафтан намекашид. Дилаш аз чизе ғаш буд. Намехост боқимондаи корро ба зану фарзандонаш гузошта, худ бо улфатҳояш зиёфат хӯрад. "Ман зиёфат хӯрам, онҳо нони қоқ",- худ ба худ меандешид.

Аммо рафиқонаш бо сад зорию тавалло ӯро ҳамроҳашон бурданд. Маҳфилашон хеле тафсид. Дастурхон ҳам пурнозу неъмат буд. Барои "каме ба худ омадан" шаробнӯшӣ ҳам карданд.

Баъди тамом шудани зиёфат ҳангоми хона ба хона рафтан бо Сафар ва якчанд дӯстонаш ҳодисаи нохуш рӯй дод. Нақлиёте, ки онҳо савор буданд, ба мошини "Камаз" бархӯрду чанд касро аз фонӣ ба боқӣ пайваст. Сафар бошад, бо ҷароҳатҳои зиёду вазнин ба хонаи акааш омаду "ака... ака..." гӯён, аз ҳуш рафт.

Сафар барои он ки кӯдаконаш аз сару рӯйи хуншори падарашон натарсанд, ба хонаи акааш рафт.

Ҳолати риққатовари Сафар, ки тамоми вуҷудаш ба хун оғӯшта буд ва аз пешонии васеяш хун фавворазанон мебаромад, дили акаашро реш-реш кард.

Зафар бо доду фиғон гуфт:

- Сафарҷонам, додаракам, хез! Хез, ба ту чӣ шуд? Кӣ туро ба ин ҳол овард?

Зафар ва янгааш ба ҷойҳои захмбардоштаи Сафар пахта монда, ӯро дарҳол ба беморхона бурданд. Гӯё дасту пойи мард сард шуда меомад. Вале дар натиҷаи маҳорат ва касбияти баланди духтурон Сафар каме ба худ омад. Оҳиста дастонаш ҷунбид. Чизе мегуфт. Шояд бо марг мубориза мебурд, шояд...

АРДАШЕР

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД