Sebiston new 2024 october
Зарбаи тақдир (ҚИСМИ 1)
20.08.2024
АРДАШЕР
2306

Шамоли сахт мевазиду аз омадани зимистони қаҳратун дарак медод. Бо гув-гуву шав-шави худ кӯдакони Мароҷонаро метарсонду дили бе ин ҳам ғамгини келинчакро ғамгинтар мекард. Зеро ҳар бор бо вазидани шамоли бамавриду бемаврид шиферҳои хонаи Марҷона мепариду ӯро бесаранҷом мекард.

Шамол ин дафъа ба ҳоли зори Марҷона раҳм карду шиферҳои боми хонаашро ба замин ҳаво надод. Вале боми баъзе хонаҳо боз ба замин яксон шуданд. Дар як дам чангу тӯпаланг ҳама ҷоро фаро гирифту дарахтон низ решакан шуданд.

Баъди шамоли сахт борони шадид борид. Марҷона одатан аз боридани борон ғусса мехӯрд. Зеро ҳар боре, ки борон меборид, аз ҳар ҷойи сақфи хона об чакра - чакра мечакид. Марҷона барои он ки қолинҳо тар нашаванду хона заҳ нагирад, тамоми сатилу тағорачаҳои хурдро таги рашҳаҳои борон мегузошт. Баъзан оби борон дар сақфи сарафанин ҷамъ шуда, якбора мерехт.

Марҷона бо дили ғамангез дар хона бо фарзандонаш гирди сандалӣ нишаста, чун ҳарвақта тоқӣ медӯхт. Тоқӣ медӯхту ҳушу ёдаш ба хона буд, ки мабодо шамоли бераҳм чун ҳарвақта шиферҳои хонаашро рӯфта набарад, дар ё тирезаашро наканад, ё...

Ду духтари Марҷона ҳам, ки яке синфи панҷу дувумӣ се буд, якта-якта тоқидӯзак гирифта, ҳамроҳи модар тоқӣ медӯхтанд. Азизҷони хурдсол низ ба сӯзан ришта гузаронида, каме бошад ҳам, ба модару апаҳояш кумак мерасонд ва бодиққат зеҳн мемонд, то ӯ ҳам ин ҳунарро омӯхта, каме бошад ҳам, ба модараш ёрӣ диҳад. Ӯ ҳам шароити вазнини оила ва муҳтоҷиву нодориро дида, ғаму ғусса мехӯрд.

Марҷона чун одати ҳамешагӣ ба фарзандонаш қиссаву афсонаҳои тарбиявӣ мегуфт. Гоҳ аз Саъдию Ҷомӣ ва гоҳ аз таҷрибаи рӯзгор ҳикояҳо нақл мекард. Ҳамин тариқ ҳам фарзандонаш тарбия меёфтанду ҳам ҳунар меомӯхтанд ва ҳам пайсае ба дасташон меомад.

Келинчак барои он ки зиёдтар пул кор кунад, ҳатто шабона то соатҳои 12, 1 шишта тоқидӯзӣ мекард. Гоҳо то саҳар хоб намекард.

Рӯзе дугонааш Гулбаҳор аз меҳнати шаборӯзиаш хабар ёфту дилсӯзона гуфт:

- Дугонаҷон, ба шумо чӣ азоб-а? Ин қадар бисёр кор мекунед. Кам-кам истироҳат ҳам кунед охир. Аз ҳама кори вазнин захми сӯзан мегӯянд. Саломатии худро ҳам фикр кунед.

Марҷона оҳи чуқуре кашида, ба дугонааш бо ду дидаи пурмеҳр нигаристу гуфт:

- Охир барои кӣ ҳам кор мекунем!? Барои ояндаи ҷигарбандонам. Як рӯз фарзандонам ҳам пулёб мешаванд, зиндагиямон хуб мешавад. Ана он вақт истироҳат мекунем...

- Ҳамтую Марҷонаҷон бисёр кор карда азоб накашед мегӯям-дия. Худо нигаҳ дорад, ягон бемор шавед, дили кӣ ба шумо месӯзад?

- Эҳ дугона-дугона, зиндагӣ ин қадар бераҳм аст-а? Ман ҳам, шумо ҳам як хел меҳнат мекунем, аробаи зиндагиро мекашем. Бар замми ин, аз шавҳарамон гап мешунавем, шартаю шурта мехӯрем. Хайр шавҳари шумо қобил, аз шавҳари ман Худо паноҳ диҳад,- хандида афзуд Гулбаҳор.

Марҷонаву Гулбаҳор ҳамсояи наздику дугонаи қарин буданд, ба хонаи ҳамдигар омада суҳбатҳо мекарданду "тафти одамро одам мегирад" гуфта, тафти якдигарро мегирифтанд. Малҳами дарди ҳамдигар буданд.

                                                          ***

Марҷона аз пулҳои бо тоқидӯзӣ ба даст овардааш барои хона харид мекард. Ба ин минвол ба шавҳараш кумак мерасонд. Тоқиҳои дӯхатааш сифати хуб ки доштанд, бо нархи баланд харидорӣ мешуданд. Рӯзғорро ғор мегӯянд, ҳар қадар пул бошад, ҳамон қадар меравад, баъзан бо маоши калон ҳам каму кости рӯзғорро пур карда намешавад. Пули аз тоқидӯзӣ меёфтаи Марҷона ҳам ба рӯзғор намерасид.

Имрӯз ҳам дар хонаи Марҷона нон набуд. Аз набудани нон, аз тангдастӣ бечора келинчак ғусса мехӯрд. Худ ба худ фикр мекард, ки бегоҳ дар хона нон нест, фарзандонаш чӣ мехӯранд. Теша ба решаи ғам заду...

АРДАШЕР

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД