Аксарият бар он андешаанд, ки футбол варзиши мардона аст, вале солҳои охир дар кишвари мо низ занону духтарони чусту чолоке пайдо шудаанд, ки дар ҷодаи футбол ба дастовардҳои зиёди варзишӣ ноил гашта, ҳатто мардонро дар ҳайрат мегузоранд. Яке аз чунин бонувони муваффақ дар ҷодаи футбол мураббии дастаи бонувони футболбози “Душанбе”-и шаҳри Душанбе Гасимова Зебо Холовна мебошад.
Шинос шавед!
Қаҳрамони барномаи навбатии “Занҳои асири нав” Гасимова Зебо Холовна, мураббии тими бонувони футболбози “Душанбе” буда, дар олами варзиш таҷрибаи беш аз 40 сола дорад ва барои рушду нумӯъи футбол ва махсусан дар самти ҷалби занону духтарон ба ин намуди варзиш саҳми арзанда гузоштааст. Таҳти роҳбарии ин мураббии кордон тими духтарони футболбози “Душанбе” 5 маротиба дар чемпионатҳои ҷумҳуриявӣ оид ба футбол ғолиб омада, солҳои 2018, 2020, 2022, 2023 ва 2024 ба дарёфти унвони Чемпиони Тоҷикистон оид ба футбол дар байни бонувон мушарраф гаштааст. Соли равон бошад, Зебо Холовна “Мурабби беҳтарини соли 2024” эълон шуд.
Зане, ки умрашро ба спорт бахшидааст
Қаҳрамони мо дар ҷодаи варзиш таҷрибаи беш аз 40 сола дорад. Тавре ки худи Зебо Холовна мегӯяд, меҳри футбол аз овони кӯдакӣ дар дилаш ҷой дошт ва ҳамеша бо писарбачаҳои ҳамсоя футболбозӣ карда мегашт. Падараш ҳанӯз дар синни дусолагии Зебо аз олам гузашта буд, модараш бошад, як зани одии маҳаллӣ буд ва мисли дигар занони тоҷик ҳамроҳи писарбачаҳо футболбозӣ кардани духтарашро аслан хуш надошт.
“Ман тоҷик ҳастам ва албатта волидонам футболбозӣ кардани духтарро қабул надоштанд, аммо ҳамеша ҳамроҳи бачаҳо футболбозӣ мекардам. Арвоҳи модарҷонам наранҷад, чандин маротиба аз рӯйи футбол аз модарам шаллоқ ҳам хӯрдаам, вале аз роҳам нагаштам. Хуб ёд дорам, дар синфи панҷум мехондем ва боре дар мавзӯи дар оянда кӣ шудан мехоҳед, иншо навиштем. Ҳамон вақт ман навишта будам, ки мехоҳам мураббии футбол шавам. Дар биное, ки мо зиндагӣ мекардем, ман аз дигарон калонтар будам ва ҳамеша духтаракону писаракони ҳамсояро ҷамъ карда, ҳар хел мусобиқаҳо ташкил мекардам”-қисса мекунад қаҳрамони мо Зебо Холовна.
Шавқ, агар раҳбар шавад...
Аммо ин духтари ҷасур аз роҳи интихобкардааш пас нагашта, бо тими чавгонбозон пайваст ва ба дастовардҳои хуби ва варзишӣ ноил гашта, баъди хатми мактаби миёна ҳуҷҷатҳояшро ба Донишкадаи тарбиями ҷисмонӣ супурд. Вай дар назди худ мақсад гузошта буд, ки мураббии футбол мешавад ва ба духтараконе, ки мехоҳанд футболбоз шаванд, тамоми нозукиҳо ва сиру асрори футболро омӯхта, барои амалӣ гаштани орзуҳояшон ёрӣ мерасонад.
Аз комёбиҳои шогирдонам шодам
Дар тӯли қариб 50 соли фаъолияташ дар ҷодаи варзиш Зебо Холовна шогирдони зиёдеро омода намудааст, ки имрӯзҳо шарафи футболи тоҷикро дар дохил ва хориҷи кишвар ҳимоя мекунанд. Қисми зиёди бонувони футболбози Тими миллии Тоҷикистон маҳз шогирдони Зебо Холовна мебошанд. Бархе аз шогирдони Зебо Холовнаро барои маҳорати хуби футболбозиашон ба кишварҳои дигар аз ҷумла ба Олмон даъват намудаанд, ки ин боиси ифтихори мураббаӣ мебошад.
“Яке аз шогирдони ман ҳоло дар Олмон бозӣ мекунад, вале дар кадом тим буданашро намегӯям. Як духтараки дигарам дар Ӯзбекистон дар тими футболи Бухоро бозӣ карда истодааст. Ду нафари дигарашон ҳам рӯзҳои наздик ба Ӯзбекистон мераванд. Ман аз муваффақиятҳои шогридонам хеле шодам,”-мегӯяд Зебо Холовна.
Мураббии ғамхор
Мутаассифона, то ба имрӯз дар ҷомеъаи мо ақидае вуҷуд дорад, ки футбол варзиши сирф мардона аст ва аксари падару модарон барои бо футболбозӣ машғул шудани духтаронашон розигӣ намедиҳанд. Зебо Холовна мегӯяд, ҷалб намудани духтарон ба футбол хеле душвор аст, аз ҳамин хотир, ман вақте мешунавам, ки дар ин ё он минтақаи пойтахт ягон духтараки ба футбол шавқу завқдошта зиндагӣ мекунад, худам ба ҷустуҷӯяш меравам.
“Вақте мешунавам, ки дар Гипрозем ё маҳаллаи дигари шаҳри Душанбе ягон духтари ба футбол шавқу ҳавас дошта зиндагӣ мекунад, худам ба ҷустуҷӯяш меравам. Чанд нафарро ана ҳамин тавр худам кофта ёфтам, аз ҷумла Сайёра Саидоваро бо ҳамин роҳ аз рӯйи овозаҳо пайдо кардам. Ин духтар дар ҷодаи варзиш ба комёбиҳои зиёде ноил гашт. Ҳоло бошад, мехоҳад довар, яъне судя шавад. Албатта ин ҳам як муваффақият аст,”-гуфт зимни суҳбат Зебо Холовна.
Бахтамро аз спорт ёфтам, вале...
Ин зани чусту чолок дар баробари мураббии футбол будан боз кадбонуи хуб ва модари меҳрубон аст. Вақте сухан дар боби оилаву оиладорӣ рафт, Зебо Холовна андешамандона чунин гуфт:
-Шавҳари ман худаш мураббии футбол, вале миллаташ дигар буд. Мо бо ишқу муҳаббат оила барпо намудем,аммо баъд дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ сар шуд ва шавҳарам ба зодгоҳаш рафт. Ман ҳамроҳаш нарафтам, зеро наметавонистам аз баҳри Ватанам аз баҳри падару модарам гузарам.
-Фарзандонатон бо роҳи шумо нарафтанд?
-Ман ҳамагӣ як духтар дорам. Бисёр мехостам, ки варзишгар шавад, ҳатто ӯро кашола карда ба машқу тамрин меовардам, аммо маълум буд, ки вай аз олами варзиш нест. Духтарам бо роҳи дигар рафта раққоса шуд. Ҳоло оиладор аст ва аллакай ба ман 4 набера туҳфа кардааст.
Чемпиони панҷкаратаи Тоҷикистон
Тайи солҳои охир дастаи бонувони футболбози “Душанбе”-и шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии Зебо Холовна ба дастовардҳои бузурги варзишӣ ноил гашта, 5 маротиба солҳои 2018, 2020, 2022, 29023 ва 2024 унвони Чемпиони Тоҷикистон дар риштаи фурбол байни бонувонро соҳиб гаштааст. Соли равон бошад, Гасимова Зебо Холовна ба дарёфти унвони “Беҳтарин мураббии соли 2024” сазовор гашта, ду нафар шогирдонаш дарвозабони беҳтарин ва ҳамлагари беҳтарини сол эълон шуданд.
Духтарони футболбоз ба дастгирӣ ниёз доранд
Қаҳрамони мо мегӯяд, барои он ки футболи занонаи тоҷик боз ҳам беҳтар рушд намуда, ба сатҳи байналмилалӣ барояд, духтараконро бояд ҳавасманд намуд. Дар Тоҷикистон одамони сарватманди мухлиси футбол зиёданд, агар онҳо ба футболи занона низ каме таваҷҷӯҳ зоҳир намуда, бонувони футболбозро дастгирӣ намоянд, занону духтарони футболбози тоҷик ба комёбиҳои бештар ноил гашта, шарафи футболи тоҷикро натанҳо дар ҷумҳурӣ, балки дар хориҷи кишвар низ баланд мебардоранд.
Мо ба Зебо Холовна комёбиҳои нав ба нави варзиширо таманно намуда, орзумади онем, ки шумораи чунин бонувони сарсупурда дар олами вар зиш ва дигар самтҳо боз ҳам бештар гардад.
Ф. САТТОРӢ