Имрўз, аз зангирии падарам панҷ сол гузаштаасту зани наваш ўро батамом ғулом карда гирифтааст. Ин марди шаступанҷсолаи ба мўяш сафедӣ дамида, дигар на додарро суроғ мекунаду на духтару писарро, занаш ба вай писар таваллуд кардаасту фарзанди дами пириҳо ҷойи ҳамаи моро гирифтааст.
Бовар кунед, ман бухлу рашк надорам, чанд сол боз дар Аврупо зиндагӣ мекунаму, урфу одатам низ, тамоман дигар аст. Аммо дилам ба ёди хонаи аёми кўдакиҳо ва модари азизи сиёҳпичаам гум мезанад. Аз падарам хафа нестам, ўро ба Худо месупорам… Бо дўстони Тоҷикистониям тариқи интернет доим дар тамосам. Яке аз онҳо ба ман дар бораи авлоди зани падарам нақл кард, онҳо шаш нафар духтар будаанду ҳеҷ яке бо хешони шавҳар муносибат надоштаанд.
Хотироти талх
Зани бародарам дар як сўҳбат ба ман гуфт, ки дадам (ў падарамро дада меномад) ҳавличаро вайрон карда, барои ҳамсараш хонаи сеошёнаи барҳаво сохта истодааст. Инро шунида шаб то рўз гиря кардам, охир модари ман бемор буду бемадор, ва либос шўста наметавонист, ҳамеша аз падарам хоҳиш мекард то барояш мошини либосшўӣ харад, вале падарам хоҳишашро рад мекард. Ману бародарам як соли дароз аз маошамон сарфа карда, орзуи ўро амалӣ кардем, вале очаҷонам бо ин мошин як бор ҳам либос нашўст. Падарам бошад, имрўз барои ҳамсараш тамоми шароитро муҳайё карда истодааст. Модари ман ба ў ду фарзанди нозанин ҳадя карда, бист сол хизматашро намуда, як гапи хушро сазовор нагашт, аммо зани наваш ўро ғулом карда гирифтааст, ва падари прафессори ман бо садои доираи ў мерақсад.
Мехоҳам аз минбари рўзномаи шумо ба падарам муроҷиат карда гўям: Очаҷонамро ту куштӣ, падар вақте имрўз бо садои ҳамсари нават бале мегўӣ, симои зебои ў пеши назарат ҷилвагар мешавад?! Фаромўш накун падар, модарам то ҳол ҳам, туро дўст медорад, агар дар бораи ту фикри баде кунам ҳам, ба хобам даромада, маломатам мекунад, намедонам ў бо он бузургӣ туро барои кадом хубиат дўст медошта бошад?!
МАНЗУРА
Таснифи Рухсора САИД