Ҳамин вақт Гулҳарам як қувваи паҳлавононае ғайриихтиёр пайдо карда, аз гиребони Зебо гирифту ӯро ба як тараф осон бардошта ҳаво дод. Миёни Зебо қариб ки аз ин афтодан шиканад. Анвар ҳис кард, ки ҳолати ҷунунии ҳамсараш оғоз шудааст.
- Рафтем ба хонаи хобат, ҷонам.
Зеборо хушдоманаш меҳрубонона ба хона дароварда, хуб насиҳат кард. Аммо Зебо ба падараш занг зада, асли воқеаро нақл карда гуфт, ки дигар тоқати дидани чунин зиндагиро надорад. Ҳамин тавр, Зебо аз Анвар ҷудо шуд.
Шабе Анвар хоб дид, ки писарчааш дар миёни оташи пурдуд нишаста механдаду бо ӯ хайрухуш мекунад.
- Писарҷон, ту ба куҷо меравӣ, магар дар ин оташи сӯзон дасту пойҳои ту намесӯзад?
- Падарҷон, ман меравам ба назди бибиҷонам.
Анвар тарсида аз хоб бедор шуду намоз гузошта, аз Худованд зорӣ кард, ки писари ягонаашро аз тамоми бадиҳо эмин дорад.
Баъди ду рӯзи ин воқеа шабе писарчаашро дарди хафакони гулӯ гирифту ба беморхонаи ёрии таъҷилӣ бурданд. Се шабу се рӯз тифлро табобат карданд. Аммо тақдираш сахт будааст, ки рӯзи савум рӯйи дастони падар аз олам даргузашт. Марги писарчааш Анварро тамоман дилхунуки зиндагӣ гардонид. Ба модар гуфт, ки очаҷон, шояд ин парии Гулҳарам ба ӯ зарар расонида бошад. Якбора кӯдаки сип-сиҳат касал шуду дар се рӯз мурд.
- Бачаҷонам, биё Гулҳарамро бурда дар ягон беморхонаи касалиҳои рӯҳӣ табобат намоем.
- Не, очаҷон, ӯро дар беморхона якбора бо доруҳои мадҳушкунандаашон девона мекунанд. Не, то вақте ки ман зиндаам, Гулҳарам дар ин хона зиндагӣ мекунад. Ман агар як рӯз ҳусну латофати ӯро тамошо накунам, хаёлам ки дилам аз задан бозмемонад.
- Вале, писарам, ман ҳам як шарт дорам. Ту зан мегирӣ ва соҳиби фарзанди солим мегардӣ. Чунки марги набераамон ману падаратро касалии фишори хун кардааст. Розиӣ?
- Чаро не, чизе ки шумо гӯед, модар.
Зулола то ба охир ин нақли пурсӯзу гудози Анварро шунида, худаш ҳам зор-зор гирист ба ҳоли шавҳару Гулҳарами паривара.
- Анварҷон, ман ҳам шуморо мефаҳмам. Ба хотири бахтам ба ҳамаи шартҳоят розиам. Аммо дилам хавотир аст, ки кӯдаки маро оянда ин зани паривараат мабодо зараре расонад.
- Не, хавотир нашав. Ман ба ин роҳ намедиҳам. Ӯ доимо занҷирбанд аст.
- Ин тавр зиндагӣ номумкин аст.
- Бовар кун, Зулола, ман девонавор ӯро дӯст медорам.
- Пас, тақдири ману тифли шикамам чӣ мешавад?
- Агар ту сабру тоқатро пеша кунӣ, ҳамааш хуб мешавад.
- Рашки сахт имконам намедиҳад.
- Агар хоҳӣ, ки ман ҳамеша шавҳари ту бошам, ба ман вақт деҳ, илтимос.
- Майлаш.
Гулҳарамро Анвар гашта ба хонаашон овард. Ҳамин тавр зиндагӣ ноаён мегузашт. Ба Зулола иҷозат намедод, ки ба ошёнаи дувум барояд. Боре Зулола зорӣ карда гуфт, ки як боракак иҷозатам деҳ ӯро аз наздик бубинам. Ин қадар миҷҷаҳои дарозу рухсораҳои сурхи арғувонӣ дорад ин духтар. Ту барои ҳамин ӯро фаромӯш карда наметавонӣ.
- Не, иҷозат намедиҳам, чунки метавонад ба тифли мо зарари ҷиддӣ расонад.
Шабе дар ошёнаи дувум оташи сӯзон аланга заду Зулолаву Анвар аз хобашон бедор шуда, ба он ҷо давиданд. Анвар ба утоқи Гулҳарам даромада, ҷисми сӯхтаи ӯро бароварданӣ шуд. Ҳангоми ҷисми ӯро ба оғӯшаш гирифтан ногаҳон ба сараш шифти сӯхтаистодаи вазнин фитоду дар ҷояш мисли лӯлаи печон сӯхта хокистар шуд. Мошини сӯхторхомӯшкунӣ расида омада дигар аҳли хонаводаро аз марг наҷот доданд. Зулола вақте ба ҳуш омад, худро дар беморхона дид. Ба шикамаш даст бурд. Шикамаш ҳамвор шуда, аз тифл нишоне намонда буд.
- Куҷост кӯдаки шиками ман?
- Ором шавед, хоҳарам,- аз китфонаш сахт қапида гуфт ҳамшираи шафқат.
Ба худ омаду ба хонаи падар баргашт. То ҳанӯз ба шавҳар набаромадааст. Хушдоманаш бошад, баъди марги писару келини якумаш дамдузду хаёлӣ гашта, касеро намешиносад. Хусураш моҳе нагузашта аз дарди сактаи қалбӣ вафот кард.
Шаҳлои НАҶМИДДИН