Commerc banl
Зани занҷирбанд (ҚИСМИ 6)
316

Барои Анвар духтари як хеши дурашонро хостгорӣ карданд. Духтар пеш аз тӯй бо домод вохӯрда, гуфт, ки дар омӯзишгохи тиббӣ мехонаду хоҳиш дорад, ки баъди тӯй ӯро барои идомаи таҳсил иҷозат бидиҳанд.

- Майлаш.

Зебо бо орзуҳои нек ба ин хонадон келин шуда омад. Аммо баъди ду моҳи хонадорӣ эҳсос кард, ки шавҳараш ба ӯ тамоман меҳре надорад. Боре аз шавҳар ошкоро пурсид, ки ту ки маро дӯст намедорӣ, пас чаро бо ман зиндагӣ дорӣ?

- Дӯстдорӣ баъд пайдо мешавад, ҷонам.

- Ту ҳушу ёдат фақат ба он писарчаи зани якумат банд аст. Чаро аз ӯ ҷудо шудӣ?

- Мо ҷудо нашудаем. Ӯ бемории рӯҳӣ дошт, вассалом.

Зебо ба ошёнаи дувум баромаду дар меҳмонхонаи барҳавову пурҷиҳоз ҷавонзани бениҳоят зебои оростаро дида, ҳангаш канд.

- Тавба, ту инсӣ, ҷинсӣ, одамӣ?

- Ман одам, духтари холаи шавҳари ту.

- Чаро ба дастонат мисли ҷинояткорон занҷир бастаанд?

- Чунки ман зани Қунғоз-парӣ ҳастам.

- Тавба гӯй, чӣ хел парӣ?

- Медонӣ чӣ, биё дугона мешавем. Ман туро тамоман ба Анвар мебахшам. Ин Анвар маро дӯст медорад. Барои он ки тамоман азони ту шавад, шаб оҳиста ӯро хобонда ба назди ман барову бо худат калиди ин занҷирҳоро, ки дар кисаи ӯ аст, дуздида биёр. Илтимос, дастони маро кушову наҷотам деҳ. Писарчаамро боз ба куҷое бурда пинҳон кардаанд. Ҳаминаш хубтар аст, чунки парии ошиқам кӯдакамро куштанист. Ман дарро нимроғ мегузорам.

- Майлаш.

Зебо шаб ҳамин ки дид хоби шавҳараш сахт бурдааст, калидро аз кисаи шими ӯ дуздида, ба дувум ошёнаи ҳавлӣ баромад. Дарро кушода, ба дарун даромада, зуд бо калиди дасташ занҷирҳои банди дастони Гулҳарамро кушод.

- Ана ба ту озодӣ, рав!

- Раҳмат.

Гулҳарам як буғчача ба даст оҳиста аз дувум ошёна фаромад. Зебо чизе нашудагӣ барин, омада ба ҷогаҳаш даромад. Дид, ки ҳанӯз Анвар хоб аст, калидро ба кисаи шими ӯ андохт.

- Ана ба ту зани дувуми паривара. Хуб кардам. Ин девона ба куҷо мерафта бошад дар ин нимашабӣ? Ба назди Қунғоз-париаш?

Ногаҳон аз берун садои ғалоғула баланд шуду Анвар парида аз ҷогаҳи хобаш берхост. Шиму куртаашро пӯшида, осемасар ба ҳавлӣ давид.

- Ҳа, очаҷон, тинҷӣ?

- Ин уволакро касе сар додааст.

- Кӣ сар дода бошад?

- Канӣ ин ҷо биё, занҷири дастони туро кӣ кушод?

- Зани нават.

- Зебо, ин гап рост аст?

- Бале, аммо ин беақл худаш маро бовар кунонид, ки ба назди кадом як марди париаш мерафтааст.

- Бас кун,- Анвар шаппотие сари ғазаб ба рухсораи Зебо фаровард.

- Сар деҳ маро! Ё ҳамроҳи ин беақлак зиндагӣ мекунӣ ё ҳамроҳи ман...

- Беҳтараш ҷавоби туро медиҳам.

- Ин тавр бошад, ҳозир ҷавобамро деҳу маро бо чизу чораи аз хонаи очаам оварда бурда ба хонаамон мон. Ман тоқати дузанагии туро надорам.

- Келинҷон, ором шав, ҳамаи ин сахтиҳо мегузаранд. Ин духтар бегуноҳ аст, паривара шудааст.

- Баред ба девонахона ӯро...

(Давом дорад)

Шаҳлои НАҶМИДДИН

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД