Модари Гулҳарам баъди шунидани бемории духтари ягонааш якбора касали бистарӣ шуда, фишори хунаш баланд шуд.
Ба хоҳараш дар танҳоӣ рози дил карда гуфт, ки «медонӣ, хоҳарам, ин духтари зебои ман ҳангоми дар синфи ҳафтум таҳсил карданаш борҳо ба ман гуфта буд, ки парии марде ба ӯ ошиқ шудааст. Он солҳо ман ба ин суханони ӯ хандаам омада, бовараш накардам. Вале Гулҳарам борҳо ёдрас шуда гуфт, ки очаҷон, ин парии мард намегузорад, ки ман ба суратгирӣ бо дугонаҳоям равам. Дар вақти пахтачинӣ гуфт, ки дар паҳлуи бачаҳои ҳамсинфам пахта начинам. Мани беақл суханони духтарамро шӯхӣ гумон мекардам. Ин рост будааст, да. Хоҳари ширинам, ӯро танҳо нагузоред. Агар табобат наёбад ҳам, ӯро аз хонаат нарон. Ҳамин ҳавлиамро ба номаш мегузаронам. Фақат то каме табобат ёфтанаш ӯро аз писарат ҷудо накун”.
- Ин тавр нагӯй, апаҷон. Ман Гулҳарамро мисли духтари ҷонам дӯст медорам. Писарам Анвар бошад, ошиқи шайдои ҳамсараш аст. Боз моҳҳои наздик наберадор мешавем, апаҷон.
- Ба ростӣ? Оҳ, чӣ хабари хуше бароям расонидӣ, худованд сиҳат саломат кӯдакаш ба дунё биёяд.
Рӯзи тавлиди тифл наздик мешуд. Гулҳарам безобита шуду дар хилват ба шавҳараш гуфт, ки «Анварҷон, ин парии ошиқ кӯдакро куштанӣ аст, нагузор ки вай вақти таваллуди тифл ба ман наздик шавад”.
- Чӣ хел парии мард, ҷонам?
- Парии марде, ки солҳои сол маро дӯст медорад.
- Бас кун ин афсонаи халқиро.
Гулҳарам зор-зор гириста, шавҳарашро ба оғӯш гирифту гуфт, ки «бовар кун, ман афсона нагуфта истодаам. Дар ҳақиқат як марди мутаалиқи париён кайҳо боз ошиқи ман аст. Маро рӯз намедиҳад. Мегӯяд, ки тифли шикаматро мекушам».
- Ин тавр нагӯй, ҷонам.
Гулҳарам як писарчаи дӯстрӯе таввалуд кард. Аммо аз соати тавлиди писараш оғоз карда, ба кӯдак шир намедод, тифли парпечро ҳақорат карда, ба даруни сандуқ меандохт. Ин кори даҳшатноки ӯро хушдоманаш дида, қариб зада-зада аз дар берун кунад.
Анвар ин ҳолати ҳамсари зебояшро ба бемории ҷунунӣ шабеҳ дода, ба назди духтури равоншинос бурд, вале ин ҳам фоида накард.
Модари Гулҳарам ин ҳолати духтарашро таҳаммул накарда, қалбаш ба сакта гирифтор шуду дере нагузашта бо дили пуралам ин дунёро тарк кард.
Дили хоҳар баъди марги апааш нашуд, ки Гулҳарамро бурда ба ҳавлиашон партояд. Анвар ҳам ба ҷудошавӣ аз ҳамсари дӯстдоштааш розӣ набуд.
Баъди шашмоҳа шудани тифл Гулҳарам каме ба худ омада, ба кӯдак мисли модар меҳрубонӣ мекард. Ба шавҳараш гуфт, ки «Анварҷон, ман розиам ту зан бигирӣ, вале маро бурда ба хонаамон мон, чунки ин ҷин метавонад ба ту ҳам зарар расонад».
- Майлаш, аммо бо ту дар он ҳавлии калон хидматгорзанро мегузорам. Писарчаамонро бошад, модарам нигоҳубин мекунад. Аммо баъди зангирии ман гашта ба хонаамон меоӣ, чунки зани асосиву дӯстдоштатарини ман танҳо туйӣ, моҳи ман.
- Ман розӣ,- бепарвоёна ва рашк накарда ҷавоб дод Гулҳарам.
(Давом дорад)
Шаҳлои НАҶМИДДИН