Галина Кутереваи 50-сола аз шаҳри Толятти дар боғчаи бачагона ёрдамчӣ шуда кор мекунад. Ин бону як хислати аҷиби табиӣ дорад-ӯ сардиро эҳсос намекунад.
Галина ҳатто дар ҳавои сифр дараҷа бо куртаҳои ҳарири тобистона дар кӯчаҳо гаштугузор мекунад. Шояд аз таъсири сармо Кутерева аз синну солаш ҷавонтар менамояд.
Аксарияти роҳгузарон бо дидани зани нимбараҳна наздаш омада либоси гарм пешниҳод мекунанд ё чи ҳодиса рух доданро пурсон мешаванд. Галина ба табассум ҷавоб медиҳад, ки ҳолаш хубу табиаташ чунин сардидӯстдор аст.