Салом! Ман як зани деҳотӣ мехоҳам аз шумо, мушариёни сомонаи Оила. ТЧ маслиҳат бипурсам.Ману шавҳарам ҳамдигарр надида хонадор шудем. Пас аз тӯй шавҳарам мисли дигар ҷавонмардони маҳаллӣ ба Русия маридкорӣ рафт. Аввалҳо шаш-ҳафт моҳ истода бармегашт, вале баъд чунон ба мулки рус дил аст, ки дигар дар Тоҷикистон ҳатто як мҳ ҳамнаистда ӯро боз хумори Русия мегирифт. Се соли охир умуман наомадааст. Хабар расид, ки дар он ҷо зани рус дорад ва аллакай соҳиби фарзанд ҳам шудааст. Писарчаамон қариб панҷсола мешавад, вале то ҳол рӯи падарашро ба серӣ надидааст. Болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, модараш ба ҷойи маро тасаллӣ додан «ҳамааш айби ту, агар шавҳаратро қапида метавонистӣ, ба Русия рафта зан намегирифт» гӯён, ба захми сӯзони дилам намак мепошид. Дигар ба неши забони хушдоману қайсингил тоб оварда натавониста ба хонаамон омадам. Модарам ранҷу азобҳоямро шунида «хуб кардӣ, ки омадӣ, шавҳарат мурда бошад, мо ҳоло намурдаем, шукри худо зӯрамон ба хӯрондани туву писарчаат мерасад» гӯён, хеле дилбардорӣ карданд. Шукри худо, ҳоло дар хонаи падару модарам аз ягон чиз танқисӣ намекашам, вале ҳар рӯз «дадам кай мебиёяд?» гуфтани писарчаам диламро хун мекунад. Шавҳарам гоҳ-гоҳ занг мезанад, вале мардак, то кай бо зани урусат кайфу сафо карда мегардӣ, охир ягон бор фикри моро ҳам мекунӣ ё не? Ман ниёз ба пулу пайсаи ту надорам, худам кор карда, нони даҳонамро ёфта истодаам, вале бачаат ҷонамро ба лабам овардааст. Абдуқудусҷон субҳу шом танҳо дада мегӯяд. Чашмонамон аз роҳпоӣ канда шуданд охир, кай бар мегардӣ, гӯям, безор кардӣ гуфта телефонро хомӯш мекунад. Байни нимарҳои зиндагӣ зору ҳайрон мондаам, намехоҳам аз шавҳарам ҷудо шаваму мардум писарчаамро сағера гуфта таъна зананд, вале бо ин ҳол як умр ба чашм ба роҳ зистан ҳам азоб аст. Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чи кор кунам? Шавҳарамро маҷбур созам, ки телефонӣ талқи маро диҳад, то хтирам ҷамъ шавад ё ягон рӯз ақлаш ба сараш мезадагист гӯём, интизор бимонам, ки кай дили мардакам аз зани русаш хунук мешаваду ба хона бармегардад?
Шаҳноза аз Шаҳритуз