Зани рус гирифтан дигар ба дарди муҳоҷирони тоҷик намехурад
Зани рус гирифтан солҳои охир дар байни муҳоҷирони меҳнатии тоҷик як андоза “мӯд” шуда буд. Аксаран мардони муҳоҷир танҳо барои халос шудан аз маблағи патент, ҳуҷҷатгузорӣ ва мушкилоти дигар бо занҳои маҳаллӣ издивоҷ менамуданд. Аммо минбаъд зани рус гирифтан ба дарди муҳоҷирон намехӯрад, зеро Русия қонунҳои худро тағйир дод...
Думаи давлатии Россия лоиҳаи қонуни наверо мавриди баррасӣ қарор додааст, ки мувофиқи он барои бо усули содакардашуда гирифтани иҷозатномаи зист дар Россия –РВП шаҳрванди хориҷӣ бояд на камтар аз 3 сол бо шаҳрванди Россия дар ақди никоҳи расмӣ қарор дошта, зиндагии умумӣ ба сар баранд.
Тавре ки расонаҳои русӣ навиштаанд, тибқи қонуни нав РВП танҳо дар он ҳолат дода мешавад, ки шаҳрванди хориҷӣ бо шаҳрванди Россия расман ҳамчун зану шавҳар дар ақди никоҳ қарор дошта, то рӯзи пешниҳоди ариза барои гирифтани РВП на камтар аз 3 сол зиндагии якҷоя ба сар бурда бошанд, шаҳрванди хориҷӣ ба таври доимӣ дар қаламрави Федератсияи Россия зиндагӣ кунад, онҳо фарзанди муштарак дошта бошанд ё кӯдакеро ба фарзандӣ қабул карда, ҳамроҳ ба воя расонанд.
Дар ҳолати бекоршавии никоҳи шаҳрванди хориҷӣ бо шаҳрванди Россия, аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрум шуданаш ва ё набудани ному насаби ӯ дар зодномаи кӯдак РВП бекор карда мешавад.
Ҳамзамон меъёрҳои додани иҷозатномаи истиқомат бе гирифтани иҷозатномаи истиқомати муваққатӣ мушаххас карда мешаванд. Аз ҷумла, ин ба хориҷиёне, ки фарзанди шаҳрванди Федератсияи Россия доранд, ки ба таври доимӣ дар Русия зиндагӣ мекунанд, татбиқ карда мешавад. Дар ин ҳолат, мавҷудияти далелҳои аз ҷониби мақомоти судӣ тасдиқшуда зарур мебошад, ки иштироки шаҳрванди хориҷиро дар нигоҳубин ва тарбияи кӯдак тасдиқ менамоянд. Аз ҷумла далели исботшуда дар боби истиқомати якҷоя бо модар ё падари кӯдак, бурдани хоҷагии умумӣ на камтар аз 3 сол аз рӯзи муроҷиат барои гирифтани иҷозат зист.