Людмила Спирина, сокини ҷазираи Сахалин, бо иқдоми ғайриоддӣ ва нотакрор ба китоби рекордҳои байналмилалӣ ворид шуд. Ӯ тавонист мошини HUMMER H2-ро, ки зиёда аз 3 тонна вазн дорад, танҳо бо дандонҳояш ба масофаи муайян кашад.
Ин дастоварди беназир дар Реестри рекордҳои Русия ва Китоби байналмилалии рекордҳои INTERRECORD ба қайд гирифта шуда, ба ӯ унвони олӣ - “Бартарии расмӣ” (Official Excellence) тақдим гардид.
Ин рекорд дар шароити сахти вазъи обу ҳаво сабт шуда, HUMMER H2 дар ҷойи паст насб шуда буд, ки кашиданаш боз ҳам душвортар мешуд. Людмила рӯ ба қафо роҳ мерафт ва арғамчинро бо дандонҳояш меқапид, амалиёти рекордӣ маҳз ҳамин тавр иҷро гардид.