Олим-амак баъди наҳорӣ либосҳояшро дигар карду гуфт, ки ба шаҳр хонаи хоҳараш меравад ва шаб намеояд.
- Кампир, шаб дар хонаи Фазилат меистам. Хавотир нашав.
- Хуб шудааст.
- Боз чӣ ин қадар зиқӣ?
- Ҳама хуб аст, камтар сарам дард дорад.
- Хуб, ягон дору нӯш. Ман рафтам.
Ӯ мошинашро ронда рафт.
Парисо-хола рӯйи кати ҳавлӣ нишаста, зор-зор гирист. Ин дам келинаш давида омада ӯро ба оғӯш кашида, гуфт:
- Холаҷони худам, холаҷони хушрӯякам, чаро гиря мекунед? Кӣ шуморо ранҷонд?
- Маро тағоят...
- Он кас шуморо хеле дӯст медоранд ку.
- Тағоят ба фикрам боз зан дорад.
- Холаҷон, маро виҷдонам азоб медиҳад, бояд ба шумо як гапро гӯям.
- Чӣ гапро?
- Холаҷон, Акбарҷон ҳам ин гапро медонанд, доимо виҷдон азобашон медиҳад. Шумо гиряро бас кунед, ман ҳамаашро нақл мекунам.
Парисо бо Олим бо ошиқиҳои зиёд хонадор шуда буданд. Соҳиби се духтару як писар шуданд. Зиндагиашон ширин, гуворо мегузашт. Олим дар як тӯй бо ҷавонзани оростаи бефарзанд шинос мешавад. Байнашон муносибати наздик пайдо мегардад. Зан аз Олим ҳомила мешавад. Олим ноилоҷ баъди таҳдиди ӯ, ки мегӯяд рафта ба занат ҳама гапро мегӯям, бо ӯ никоҳ мебандад. Акбарро фақат хонаи зани дуюмаш бурда, таъкид мекардааст, ки ба очаат нагӯ. Апаҳои Олим ҳам бо ин зан шинос будаанд тӯли ин солҳо.
Хуллас, ҳама медонистаанд зани пинҳонии Олимро, ба ғайр аз Парисо. Ҳафтаи оянда тӯйи домодии писари зани дуюмаш будааст, ҳама хароҷотро Акбарҷон мекардааст ба хотири падар.
Келинаш ҳамаи инро гириста-гириста нақл карду ӯро ба оғӯш кашида, гуфт:
- Холаҷон, маро бубахшед, ки ҳама ҳақиқати талхро хабар кашидам. Акнун дилам сабук шуд. Санги вазнине аз вуҷудам рафт.
- Э духтарам... дилам гиря дорад.
Ӯ ин лаҳза ашки чашмонашро пок карду ба хонаи хобаш рафт.
... Эҳ... отаи Акбарҷон, чӣ қадар боварат мекардам мани сода, чӣ қадар дӯстат медоштам. Акнун, агарчанде бо ту зиндагӣ кунам ҳам, дар дилам ҳаргиз бахшида наметавонам туро ман. Ҳатто апаҳоят, писарамон, келинамон, ҳама медонистаанд зани пинҳонии туро, ба ғайри ман.
Холаи Парисо аз он соат хеле дигар шудааст, ҳамеша парешон, ғамгин, нисбати шавҳар бемеҳр, зиндагӣ маъниашро барояш гум кардааст. Аммо то ҳанӯз дар ин бора ба шавҳар ҳарфе нагуфтааст.
Шаҳлои НАҶМИДДИН