Formula 2025 may
Зани пинҳонӣ (ҚИСМИ 1)
1534

Парисо-хола ду гови ҷӯшоиро ҷӯшиду сатилҳои шири ҷӯшидаро гирифта ба ошхона даромад. Ширро болои алов камтар пухту сипас гармогарм дар зарфҳои ҷурғот андохта, ҷурғот хобонд. Сипас аз пайи пухтани ширбиринҷ шуд. Келинаш нав таваллуд карда буд дугоник, дилаш намешуд, ки ӯро субҳи солеҳон аз хоб хезонад. Шавҳараш ҳам ҳанӯз хоб буд.

Парисо-хола наҳориро омода карду ба ҳуҷраи келинаш даровард. Тифлакон хоб буданд. Келинаш ҳам. Оҳиста баромад аз ҳуҷраи ӯ. Писараш субҳ ба кор рафта буд.

Ба ҳуҷраи хобаш даромаданӣ шуд. Садои паст-паст гапзании мӯйсафедаш ӯро ҳайрон кард. Ба хонаи хоб надаромада, гӯш кард:

- Ҳа, занак, боз чӣ намерасад, ман ба Акбарҷон (писарашон) мегӯям, мебарад чизҳои гуфтагиятро. Бисёр занг назан, кампирам фаҳмад, қиёмат мешавад. Чӣ? Не, ман наметавонам дили ӯро ранҷонам, маро намебахшад ҳаргиз. Хайр, гапро кам кун.

Парисо-хола дар ҷояш карахт шуда монд. Ҳис кард, ки ҳамсараш бо писараш чизеро аз ӯ пинҳон медоранд. Аз дилаш гузаронид, ки охир шавҳараш ба касе занак гуфта муроҷиат кард. Аз ин бармеояд, ки шавҳараш зани пинҳонӣ дорад.

Зиндагии Парисо-холаро бо Олим-амак 40 сол шуда буд... Ваҳ... чӣ дарди сахте. Баъди 40 соли зиндагии якҷоя хиёнати марди хонадонатро бифаҳмӣ, боз ба ин хиёнат писарашон ҳам шарик будааст.

Ӯ ашки чашмонашро пок карду ҳамсарашро ба наҳорӣ даъват кард:

- Отаи Акбарҷон, ширбиринҷ тайёр шуд, хезед акнун, офтоб баромад.

Олим-амак дастонашро шусту рӯйи кати ҳавлӣ рафта нишаст. Парисо-хола табақи ширбиринҷро гирифта рӯйи дастархон бо нони гарми дегдонӣ гузошт.

- Э занаки меҳнатии ман, яктаӣ да.

Ин лаҳза Парисо-хола зери лаб гуфт: «Кош якто мебудам».

- Чӣ гуфтӣ кампир зери лаб?

- Ҳичӣ, нӯши ҷон кунед.

Олим-амак бомазза ширбиринҷро хӯрд. Аммо ҳис кард, ки чеҳраи ҳамсараш гирифта, парешонхотир аст, ҳатто як қошуқ аз табақи ширбиринҷ нахӯрд.

- Ҳа, занакҷон, чӣ шуд, қошу қавоқат овезон? Тинҷӣ аст?

- Ҳеч...

- Ман туро аз чашмонат ҳис мекунам, ки тамоман нороҳатӣ? Ё саҳарӣ бо дасти чап хестӣ, кампир?

- Не отаи Акбарҷон, ҳама хуб аст. Чойро гиред.

Ин лаҳза Парисо-хола мехост дод зада гиря кунад. Дилаш пур буд. Аммо сабр кард. Ба шавҳараш чизе нагуфт. Аз дил гузаронд, ки бегоҳӣ бо писараш дар ин бора суҳбат мекунад.

(Давом дорад)

Шаҳлои НАҶМИДДИН

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД