Расул дар мактаби мо ба ҳайси муаллим кор мекунад. Модарам дар мактаби онҳо фаррош буд. Як рӯз таби модарам баланд шуду ба кор рафта натавонист ва мудир занг зада гуфт, ки духтарат ба ҷойи ту ба кор барояд.
Модарам маро илтимос кард, ки рафта, мактабро тоза кунам. Ба кор баромада, мавриди таваҷҷуҳи муаллимон қарор гирифтам.
Дар байни эшон муаллими ҷавон, ки Шараф ном дорад, ба наздам омада, гап додан гирифт, вале ба ҳарфҳояш посух надодам. Дид, ки ба осонӣ диламро ёфта наметавонад, ба модарам гуфтааст, ки духтаратро ба занӣ мегирам. Ман, ки аз афту андоми хунуки он муаллим безор будам, бо шунидани гапи модарам тамоман авзоям бе ҷо шуд ва аҳд кардам, ки ба мактаб рафта, ӯро шармандаи олам мегардонам. Аламам сабук нагашта, як шом падару модари Расул ба хонаи мо хостгорӣ омаданд. Ман ҳайрон шуда, дар аввал хомӯш нишастам ва ҳамин, ки сухан атрофи хостгорӣ рафт, девонагиям торафт афзуд ва дарро кушода, рост ба назди падару модари Расул омада гуфтам, ки ман розӣ нестам. Метавонед бе ягон гапи сахт хонаамонро тарк кунед, чунки ман ҳаёти ширину гувороямро бо писари почакандаи шумо талх намесозам. Онҳо ғур-ғуркунон баромада рафтанду модарам то саҳар маро дашному ҳақорат кард.
Бародаронам низ хуб сарзанишам намуда бошанд ҳам, бо якравиям тавонистам, ки аз он муаллими хира халос шавам. Гумон доштам, ки дигар муаллим дар бораи ман сухан намекушояд ва маро фаромӯш месозад, аммо андешаам ғалат баромад. Навбати дигар муаллим ҳамроҳи раиси деҳа ва директори мактаб ба назди модарам омаданд. Азбаски падарам барвақт аз дунё гузашта буд, модарам ихтиёрро ба дасти худам дода, маро ба назди эшон даъват кард. Бо қошу қавоқи овезон ба наздашон баромада, насиҳаташонро хуб гӯш кардам.
Директори мактабамон ду пойро ба як мӯза андохта, хоҳиш намуд, ки ба тӯй розӣ шавам ва “аз муаллим хубтару беҳтар домод дар дунё намеёбӣ” гӯён, хеле ӯро таърифу тавсиф намуд.
Дидам, ки маро фаҳмидан намехоҳанд, ба чашмони директори мактаб нигоҳ карда гуфтам: “Барои ман муҳим нест, ки пас аз ин меҳмонӣ муносибати шумо бо модарам бад мешавад ё хуб, як гап дорам, бо ин ҷавони ҳозиру нозире, ки шумо ҳамроҳи худ овардаед, ман умуман оиладор шудан намехоҳам, тамом ва салом”. Онҳо пешу қафо хонаву дарамонро тарк карданд, боз зери дашному ҳақорати модарам мондам. Модарам дуои зиёд кард, ки ӯро дар пеши директор шарманда кардам, аммо лаб зери дандон гирифта, ба модарам чизе нагуфтам.
Муаллими почаканда як рӯз пас аз хостгорӣ дар мактаб овоза кардааст, ки Нозима нодухтар асту аз ҳамин сабаб хостгориашро рад кардаам.
Бо шунидани ин тӯҳмат ба мактаб рафта, дар пеши чашми талабаҳо ба рӯи муаллим як шаппотии обдор зада, гуфтам, ки пеш аз он ки духтари бегонаро тӯҳмат мекунад, хоҳару апаи худро ба ёд биёрад. Муаллим чизе нагуфт, вале директор модарамро аз кор пеш кард ва модарам сабаби аз кор хориҷ шуданашро аз ман дида, бо ман душмани ҷонӣ гашт. Рӯзе нест, ки модарам маро дашному лаънат нахонад. Кош, бахтамро зудтар пайдо кунаму аз маломати модарам халос шавам. Шумо ба ман чӣ маслиҳат медиҳед?
Нозима, н. Турсунзода