Дар назарпурсӣ мусоҳибон ҳама ҷонибдори ҳамсари таҳсилкардаанд, вале дар шарҳҳои зери видео беш аз 90 фисади тамошобинон хилофи таҳсилкарда, хусусан дар масъалаи таҳсили занон.
Ҳол он, ки дар шароити кунунӣ, ба таҳсил фаро гирифтани занон бахусус дар ҷомеаи мо нақши калидӣ дорад. Дар тарбияи фарзанд, дар муқоисаи ба падар, модар роли марказиро мебозад! Дар такя ба пажӯҳиши олимон метавон қайд намуд, ки кӯдак аз лаҳзаи дар шиками модар баробари иркишофи физикӣ ёфтан, инчунин зеҳнан низ рушд мекунад. Аз ин бармеояд, ки тарбияи фарзанд аз шиками модар оғоз меёбад! Барои он, ки он вакууми холӣ (мағзи сари кӯдак) босамарона пур гардад, бояд донист, ки чӣ тавр? Модар бояд дар ин ҳол аз ҳамаи нозукиҳои тарбияи фарзанд бохабар бошад!
Тарбияи дурусти фарзанд, бахусус то 3-солагӣ, ба рушди минбаъдаи ӯ таъсир мерасонад. Мутаассифона, дар ҷумҳуриямон дар аксари ҳолат бо тарбияи фарзанд баъд дар синни 3-4 солагӣ ва дар бисёр маврид ҳатто дар 6-7 солагӣ (ҳангоми мактабхон шудани кӯдак) машғул мешаванд. Маҳз барои ҳамин дар аксари ҳолат зеҳни кӯдак суст инкишоф меёбад.
Аргументи дуввум он шуда метавонад, ки барои фароҳам овардани фазои мусоид барои таълиму тарбияи дурусти кӯдак омили иқтисодӣ таъсиргузор ҳаст. Агар дар оила ҳарду волидайн кор кунанд, шароити молиявии кӯдак муҳайё мегардад, ӯ имкон пайдо менамояд, то ки бо таҳсили босифат фаро гирифта шавад, ғизои солим ( ҳол он, ки нарху навои маҳсулоти ғизоӣ дар бозорҳои кишвар ба фалак расидааст) истеъмол кунад. Дар шароити кунунӣ даромади пулии фақат мард барои оила кифоя намекунад!
Барои ҳамин бояд ҳам зану ҳам мард бомаърифат бошанд, то фарзанди солим ба воя расонанд!
Оилаи солим-ҷомеаи солим!
Ин ақидаи шахсии худи муаллиф буд. Шумо чӣ андеша доред?