Formula september
Зани хиёнаткорам хонаҳоямро гирифт ва алимент ҳам талаб дорад...
28.09.2024
ОИЛА.ТҶ
1435

Ману ҳамсарам якдигарро дӯст дошта, хонадор шудем. Дар 15 соли зиндагӣ соҳиби 3 фарзанд шудем. Аз чизе камӣ надоштем, ман занамро бениҳоят дӯст медоштам. Аксаран шабҳо дар утоқи дигарӣ машғули кор мешудам.

Вақтҳои охир беаҳамият шуданашро эҳсос карда, шабе баъди хоб бурдани занам телефони мобилиашро кушодам ва дидам, ки бо ҷавоне суҳбатҳои ошиқона мекардааст. Аз хобаш зада бедор кардаму гуфтам, ки ҳозир падарашро даъват карда, тамоми гуноҳҳояшро мегӯям. Занам зораву тавалло кард, ки дигар ҳеҷ гоҳ ба чунин кор даст намезанад ва ман ҳам ояндаи фарзандонамро фикр карда, аз гуноҳаш гузаштам.

Баъди ин ҳодиса мо оилавӣ ба Русия омадем. Ману занам кор карда, соҳиби хонаи 2-ҳуҷрагӣ гаштем. Баъди се моҳи кор карданаш хислати занам пурра тағйир ёфт, ба телефонаш код гузошт. Вақте ки ин корашро ба волидонаш гуфтам, онҳо бо тамасхур “худат телефон харида медодӣ, код намемонд” гуфтанд. Дарҳол рафта, барояш телефон харида додам.

Шабе баъди хоб рафтанаш телефонашро кофтаму боз дидам, ки бо марди бегонае ишқварзӣ мекунад. Аз рашк девона шуда, ӯро аз хоб бедор кардаму сабаби чунин рафтор карданашро пурсидам. Ҷанҷоли мо калон шуд. Азбаски хонаҳо ба номи занам буд, волидони ҳамсарам маро аз хона пеш карданд.

Айни замон дар шаҳри дигар қарор дораму хонаҳои дар Москва ва Душанбе доштаамро ба фарзандонам ҳадя кардам, вале занам боз аз ман алимент талаб дорад.

Ман фарзандонамро бениҳоят дӯст медорам, вале занам телефони кӯдаконамро куштааст, то ки ман бо онҳо гап зада натавонам. Аз фикру андешаи зиёд асабӣ шудаам. Чӣ кор карданамро намедонам.

Илтимос, маслиҳати худро дареғ надоред.

Нома аз “Кошонаи Шаҳло”

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД