1xbet
Зани исфарагӣ аз ошиқаш 1 миллион рубли русӣ талаб карду...
09.07.2025
Фирӯза
57

Кормандони милитсия зани 31-солаи сокини шаҳри Исфараро ба иттиҳоми тамаъҷӯӣ аз як ҷавонмард боздошт намудаанд. Дар ин бора Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар додааст.

Тибқи иттилои ин ниҳод, боздоштшуда моҳи майи соли 2024 бо як марди 24-сола робитаи ошиқона барқарор намуда, баъдан аз ӯ кӯдак таваллуд кардааст.

Дар хабар гуфта мешавад, ки зан бо мақсади ба даст овардани фоида мардро таҳдид намудааст, ки 5400 сомонӣ диҳад, дар акси ҳол тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ маълумотҳои бадномкунандаро дар борааш паҳн хоҳад кард.

Ҳамин тавр зан пас аз як муддат аз ошиқаш гӯё барои харидани хона боз 1 миллион рубли русӣ талаб карда, таҳдид намудааст, ки дар сурати рад кардани хоҳишаш ӯро шарманда мекунад.

Айни замон нисбати гумонбаршуда бар асоси қисми 1 моддаи 250 (тамаъҷӯӣ)-и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Феълан тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД