1xbet
Тақдири зани сеюм (ҚИСМИ 1)
1052

Анораро падару модар напурсида, аз рози дилаш пурсон нашуда, ба як шиноси вазифадорашон фотиҳа карданд. Падар ҳатто нагуфт, ки «духтарам, ту ягон касро дӯст медорӣ ва ё ба интихоби мо розӣ ҳастӣ ё не?». Ин ҳукми падар буд.

Анора дар танҳоӣ ба модар гирякунон гуфт, ки ӯ дигар мардро дӯст медорад.

- Духтарам, синну солат ба 21 даромаду чаро то ҳозир ин дигар мард ба хонаи мо боре хостгоронашро нафиристод?

- Модарҷон, ман монеи омаданаш шудам.

- Чаро охир?

- Модар, ин марди мехостагии ман боз ду зани никоҳии дигар дорад.

- Тавба гӯй, духтаракам, магар ту духтари боре чодару чаман надида ба марди дузана зани сеюум шуданӣ ҳастӣ?

- Бале, очаҷон. Чунки ин марди орзуҳои ман аст ва сахт дӯсташ медорам.

- Шуд акнун, духтари беақл, шарм дор. Айба намедонӣ, ки ба як марди дузана зани сеюм мешудаӣ?

Анора ашки чашмонашро пок карду ба ҳуҷраи хобаш даромада, телефони мобилиашро гирифт.

- Ало, ассалом, Афзалшоҳ, хубӣ? Бале, туро пазмонам ва ин лаҳза таъҷилӣ диданат мехоҳам. Дар куҷо? Майлаш, ман баъди як соат расида меоям.

Анора бо Афзалшоҳ дар ҷойи ҳамешагиашон, дар тарабхонаи «Фароғат» вохӯрданд.

- Салом, моҳи ягонаи ман, хубӣ? Канӣ гап зан, кӣ туро ранҷонд? Ин чашмони бодомиат пур аз ашк аст, чаро?

- Афзалшоҳ, ман туро сахт дӯст медорам. Вале падарам маро ба як шиноси худашон ба шавҳар дода истодааст.

- Гӯш кун, чанд бор гуфтам, ки биё равам ба падару модарат вазъиятро фаҳмонам, не гуфтӣ. Акнун чӣ кор мекунем?

- Намедонам. Ба тақдир тан додан намехоҳам.

- Ман мард ҳастам ва аз ишқу муҳаббати ту даст кашиданӣ нестам. Биё, ҳозир ҳарду назди падарат меравем ва тамоми розамро ошкоро мегӯям, ки бо баҳои ҷонам духтаратро дӯст медорам.

- Метарсам, ки падарам ҳардуямонро накушад.

- Э наход, ки ин қадар бадҷаҳл бошад? Дар вақташ шояд ӯ ҳам модаратро дӯст дошта хонадор шудагист.

- Рафтем, ҳарчӣ бодо, бод.

Анора бо Афзалшоҳ ба хонаи онҳо омаданд. Муддати як соат Афзалшоҳ бо падари Анора суҳбат кард. Гоҳе аз меҳмонхона садои дӯғзании падари Анора шунида мешуд. Баъди як соат падар дод зада, Анораро фарёд кард:

- Анора, ку ин ҷо биё!

- Лаббай, падарҷон.

- Ту росташро гӯй, ки бо ин мард муносибати маҳрамона дорӣ?

- Не, падар, қасам ба ҷонам, ки ӯ ба ман даст нарасонидааст.

- Худо ҳардуятро инсоф диҳад, ӯ ҳам қасам мехӯрад, ки байни шумо муносибатҳои ғайришаръӣ нест. Вале магар ту намедонистӣ, ки Афзалшоҳ ду зани никоҳӣ ва чор фарзанд дорад?

- Медонистам, падар, ҳатто бо занҳову фарзандонаш шиносам. Онҳо ягон норозигӣ надоранд.

- Ин хел ҳам мешавад магар?

- Бале, падарҷон, маро Афзалшоҳ бурда бо ҳар ду занаш, ки дар ҳамшафати якдигар ҳавлӣ доранд, шинос кард. Онҳо хеле хуб ин муҳаббати ӯро қабул карда, розигии худро доданд.

- Ман то рафта бо онҳо худам шахсан ҳамсуҳбат нашавам, бовар намекунам. Худи ҳозир ба назди онҳо меравем.

(Давом дорад)

Шаҳлои НАҶМИДДИН

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД