Имрӯз чун хасе рӯйи гирдоби зиндагиям, он гоҳе зери обам мекунаду гохе болои об, сагардонам, беморам, дилам танг аст, вале намедонам дардамро пеши кӣ барам…
Ман мардам, бале як марди чилупанҷсола, вале чун занон корам заифнолӣ аст, зеро медонам маргам қариб аст. Имрӯз ё фардо ин даҳри дударро тарк мекунам, вале бори гуноҳи азиме бар дӯш дорам. Мехоҳам, дарди диламро рӯйи саҳифаҳои ҳафтавори «Оила» нависам, шояд Аминабонуи ман хонаду раҳме ба дилаш биёяд, ҳарчанд, ки ман арзандаи бахшиши ӯ нестам…
Орзуи зиндагӣ
Ман дар деҳот ба дунё омадаам, аз кӯдакӣ орзупараст будам. Филмҳои бадеиро тамошо карда, дар дилам як орзу реша давонда буд, сарамро ба санг мезанаму дар шаҳр зиндагӣ мекунам, сокини шаҳри калон мешавам…
Дар оилаамон даҳ фарзанд будем, шаш духтар ва чор писар, кенҷагӣ ман будам, аҳли хонаамон ҳамеша ба орзуҳои ман механдиданд, танҳо модарам дастгириям мекард. Ӯ ким-кадом ҳамдеҳаҳояшро мисол меовард, ки аз хонадонҳои камбағал баромадаанду ҳоло сокини шаҳрҳои калонанд. Ман хуб мехондам, бо дониши худам ба шуъбаи иқтисодии яке аз донишгоҳҳои пойтахт дохил шудам, азоб кашидам, хондам, аммо қисмат набудааст, ки аз вазифаи муҳосибӣ дигар болотар нарафтам. Дар хобгоҳи чиркине зиндагӣ мекардам, духтараки шаҳриеро дӯст медоштам, аммо падару модараш духтари ягонаашонро ба мани почакандаи бе хонаву дар надоданд. Модарам аз деҳа бароям арӯс ёфт, Назокат духтараки воқеан ҳам боназокату боодоб буд, эҳтиромаш мекардам. Вале дар ҳусну латофат нуқсон дошт ва ба он тоифае, ки ман хуш доштам, дохил намешуд. Зани порсову батоқат, ки буд, оҳиста-оҳиста дӯсташ доштам, аммо бо маоши муҳосибии ман ҳеҷ не, ки якамон ду шавад. Ростӣ, азоб мекашидам, роҳи пул кор кардану зиндагиро меҷӯстам, аммо намеёфтам. Оқибат тарҳи нав кашидам, ин нақшаам ба занам низ писанд омад, зеро ӯ дар байни боғу роғи деҳаи хушбоду ҳаво гашта, дилаш аз ҳавои бадбӯйи хобгоҳ ғаш меовард…
Рӯ ба муҳоҷират
Зани ҳомиладорамро бурда, дар деҳа дар хонаи волидонам монда, роҳ пеш гирифтам сӯйи муҳоҷират ва панҷ сол кор карда, каме пул кор кардаму ба хона багаштам. Пули панҷ соли дароз бо азобҳои зор кор кардаам танҳо ба як яхонагӣ расид, ками дигар зиёдатӣ кард ва ман ба соҳибкорӣ даст задам. Дар бозори наздикии хонаамон як мағозаро ба иҷора гирифтам ва ба фурӯши пойафзол сар кардам, занам ва писари панҷсолаам ба ман ёрмандӣ мекарданд. Зиндагии ҳозираам хеле аз зиндагии пешин хубтар буд, вале бо азоб, чӣ хеле мехостам не. Занам низ кам-кам савдо карданро ёд гирифта буд ва маро маслиҳат медод, ки боз ба муҳоҷират равам, аммо ман бори дигар худро дар азоб монданӣ набудам. Зеро бародаронам дар Русия дар сохтмон кор мекарданду ман низ панҷ сол бо онҳо будам ва хеле азоб кашидам, хишту бетонкашӣ, чуқурӣ кофтан… Худоё ин меҳнатҳои вазнинро чун хоби даҳшат ба хотир меовардаму устухонҳоям дард мекарданд. Оҳиста-оҳиста меҷунбидаму пули ёфтаамро ҷамъ мекардам ба умеди фардои хуб. Зиндагиямро зиндагии ду духтарчаи дугоникам ширинтару вазнинтар кард, акнун дар як хонаи якҳуҷрагӣ бо ду тифли ширмак на хоб доштему на осоиш. Рӯзи дароз дар бозор ба як по рост меистодаму бегоҳиҳо хӯроки шомро хӯрда, ба гӯшҳоям пахта тиқонда хоб мекардам. Баъзан худамро мазаммат мекардам, ки кошки дар деҳа мемондам, ба умеди шаҳру зиндагии зебо худамро дар азоб мондам…
Маликаи дили ман
Дар мағозаам пойафзоли ҳархела доштам, занона, мардона ва кӯдакона, харидоронам ҳам шахсони зиндагии миёнадошта буданд. Зеро сарватмандон аз бозори мо пушокаву пойафзол намехариданд. Як рӯз зани зебои болобаланде, ки бори аввал дар ин бозор медидамаш, бо духтараки сабзинаи ширинрӯи ҳафт-ҳаштсола назди дӯкони ман омаду яку якбора се намуд пойафзоли духтарона ва барои худаш шиппаки хонапӯшӣ харид. Панҷсадсомонаеро ба ман дароз кард, бояд ҳаштод сомонӣ бақия медодам, наёфтам, зан бепаво даст афшонда гуфт:
-Ман аз ин бозор доим меваю сабзавоту кабудӣ мехарам, дафъаи дигар омада мегирам,- ва рафт, ӯ рафту қарори дили ман бурд. Ин қадар дилкашу ҷаззоб буд, бо беқарорӣ интизори ӯ будаму маликаи орзуҳоям танҳо баъди як моҳ пайдо шуд. Салому алейк кардему бақияашро додам, ӯ хайрухуш карда рафту баъди чанде баргашта гуфт:-Додарҷон, ман як вақтҳо Туркия рафта будаму бо маслиҳати як дугонаам чанд ҷуфт туфлӣ оварда будам, аммо онҳоро фурӯхта натавонистам. Ҳамонҳоро фурӯхта намедиҳед, арзонтар ҳам бошад майлаш, чанд ҷуфташро ҳамту ба дӯстон ҳадя кардам, аммо нисфаш гард хӯрда шиштаст...
Давом дорад