Нав синфи даҳро тамом карда будам, ки як хеши дури падарам ба хонаамон хостгорӣ омад. Дар аввал падару модарам розӣ набуданд, вале наздикони домод ба қавле дари хонаамонро охурча карда, билохира волидонамро ба гап дароварданд.
Апаҳои домод савганд хӯрданд, ки додарашон аз зани якумаш фарзанд наёфта, ҷавобашро додаасту онҳо дубора аз пайи обод кардани зиндагии ӯ шудаанд.
Хулоса, баъди чанд моҳ тӯйи мо бо шукуҳу шаҳомат баргузор шуд, вале чиллаи арӯсиам набаромада, айши мани наварӯс талх гашт, зеро дарак ёфтам, ки шавҳарам зани якумашро талоқ надода будааст. Мехостам ба рӯйи ҳамаашон туф карда, баромада равам, аммо модарам маро бо панду насиҳат аз роҳ гардонд. Хушдоманам ваъда дод, ки агар кӯдакдор шавам, писараш ҷавоби зани нозояшро медиҳад ва ман бо умеди рӯзҳои нек дар он хонадон мондам.
Умедвор будам, ки соҳиби фарзанд шавам, шавҳарам талоқи занашро медиҳад, вале хаёлам хом баромад. Ин марди фиребгар кабӯтари дубома шуд. Болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, баъди фарзанди дуюмамро ба дунё овардани ман зани якуми шавҳарам ҳомиладор шуда, писар таваллуд кард. Акнун мардакам як рӯз бо ману як рӯз бо зани якумаш зиндагӣ мекунад.
Марди бою бадавлат мебуд, шояд ба тақдирам тан медодам, вале мушкил дар он аст, ки шавҳарам на фарзандони маро ба таври зарурӣ таъмин мекунаду на фарзандони зани якумашро. Чанд сол боз ду зану чанд кӯдакро бо ними нон аҳмақ карда гаштааст.
Тамоми сару либоси фарзандонамро волидонам мехаранд, касал шавем ҳам, дарди сари пиру кампир мешавем. Чанд маротиба қаҳр карда, ба хонаамон рафтам, аммо ҳеҷ аз ин марди дузана халос шуда натавонистам. Сарҳисоби корамро гум кардаам, охир то ба кай ману фарзандонам дарди сари падару модарам шуда, онҳоро азоб медиҳем?! Шумо ба ман чӣ маслиҳат медиҳед?
Хонандаи “Оила”