Sebiston new 2024 october
Зани дуюм ҳам оҳ дорад (ҚИСМИ 2)
2148

Зиндагии мустақил

Аввалҳо бароям душвор буд, вале оҳиста-оҳиста роҳи корро ёд гирифтам. Зарина, хоҳари авсунам бароям нозукиҳои корро ёд медод ва бароям мисли хоҳари ҳамхун азиз гашт. Хушдоман бо ман оштӣ накарда, рўйи фарзандони писарашро надида, аз олам чашм пўшид. Акнун мо озод ба хонаи ҳеварам рафтуомад мекардем, тиҷоратам ҳам ривоҷ ёфт ва дар муддати даҳ сол ба як бонуи муваффақ табдил ёфтам. Ду-се магазин, мошин, хонаву дар, ҳама чизро доштам ва дар як сафар бо марди хеле зебову доро шинос шудам. Дороияш ба худаш, аммо меҳрубониву бо дастаи гул ба наздам омаданаш маро моили ў кард ва дар синни 35-солагӣ аз нав ошиқу зани дуввуми Ҳабиб шудам. Ҳабиб танҳо вақте симои асосияшро нишон дод, ки фаҳмид, ки ман дигар бе ў наметавонам. Баъд сар шуд, ба сари ман шӯру исёну паст задану таҳқиру ба қавле гапу чап…

Духтарамро ҳеварам барои писари дувумаш келин гирифт, писарам бошад, дар Россия ба донишгоҳ дохил шуд. Ҳабиб фақат рўзона пеши ман меомад, шаб аз тарси занаш намеомад, ҳатто занг намезад. Ў як духтар ва чор писар дошт, духтараш шавҳар ва ду писар дошт. Ҳабиб духтарашро зиёд дўст медошт ва барои ў ба қавле мемурд. Баъди шаш моҳи зиндагии «якҷоя»-амон Ҳабиб гуфт:

- Писаронам аз зангириям бохабар шудаанду пешам шарт монданд, ки ё беваат ё мо!- аз ин гапаш қаҳрам омаду гуфтам, -охир, ту се моҳ аз қафои ман давидӣ, ман ягон зани кўчагӣ нестам, ту фарзандони ман, қудою бародару хоҳари маро ба назар намегирӣ? Ҳамин қадар қуввату ирода, ки доштӣ, чаро сари маро гаранг карда, ба занӣ гирифтӣ?!,- Ҳабиб борони таънаро ба сарам рехта, маро ба киҳое баробар накарду талоқамро дода рафт…

Сад дарду як тўҳмат

Ман аз беқадрии худ зор-зор мегиристам, бемор шудам, тиҷоратам ҳам рў ба касодӣ овард. Номардию маро истифода бурданаш кам буд, ки дар пеши писари амакаш, ягона хешаш, ки ба хонаи мо меомад, маро тўҳмат кардани Ҳабиб буд. Каримро дар кўча дидаму ў бо ними лаб ба ман салом дода, гузаштанӣ шуд, ман наздаш рафта гуфтам:

- Ин қадар шумо авлоди номард будаед, то дирўз ман янгаҷон будаму баҳ-баҳкунон хўрокҳои пухтаамро мехӯрдиву имрўз аз салом кардан бо ман ор мекунӣ?!

Карим ҳайрон ба ман нигариста гуфт:

-Шумо ба бародари ман хиёнат кардед, чӣ гуна ҳамроҳатон салом кунам?!

Дамам ба дарун афтид, қариб аз ҳуш мерафтам, бо як азоб худро ба даст гирифта, рў ба қибла гашта гуфтам:

- Бародари тўҳматчият аз як духтараш бинад!

Баъди ин воқеа ман дигар шудам, тамоман дигар, боз аз пайи тиҷоратам шудам ва зиндагиямро дигаргуна оғоз кардам. Баъди ду сол дар як канори шаҳр ҳавлӣ гирифтам, писарамро зан додам, ў дар вазифаи баланде кор мекунад. Худам мисли ҳарвақта шабу рўз ба кор банд ҳастам, як моҳ- ду моҳ вақт ҷудо карда, барои дамгирӣ меравам, гоҳе дар ҳавлӣ бо келину набераҳо, гоҳи дигар дар хонаам танҳо зиндагӣ мекунам, дигар ёди шавҳар накардам, ҳарчанд хушдоронам аз мўйи сарам зиёдтаранд.

Вақти дарав

Чуноне дар боло гуфтам, аз хешони Ҳабиб, танҳо писари амакаш бо занаш ба хонаи мо меомад ва зани ў ба писарони Ҳабиб аз мавҷудияти ман гуфтааст. Як шаб дар ҳавлӣ будаму субҳ набераҳоямро ба боғчаи бачаҳо бурдам, онҳоро то таги дарвозаи боғча гусел карда баргаштанӣ будам, ки як кас маро садо кард:

- Апаи Ирам, ин шумоед?

Баргашта, Сайлӣ - зани Каримро дидам, ў баъди салом гуфт:

- Шумо фаҳмидед, акаи Ҳабиб вафот кард?!

- Салом, не нашунидам, Худо раҳмат кунад.

Медонистам, ки Ҳабиб дар ноҳияи дурдасте кор мекунад, дигар ягон чиз дар борааш намедонистам ва аз хотирам ҳам рафта буд. Сайлӣ хомўш мондани маро дида гуфт:

- Домодаш духтарашро бо як марди бегона дар хонаашон дошта, ҷавобашро дод, бечора акаам сактаи қалб шуда, вафот кард.

Ман дигар чизе нагуфтаму бо Сайлӣ сард хайрухуш карда, ба мошин нишастам, раҳораҳ танҳо аз гардишҳои ин чархи даввор меандешидам. Дар гўшам мақоли падари раҳматиям садо медод: «Ҷав корӣ, ҷав мегирӣ, гандум корӣ, гандум»…

Оби чашмам беихтиёр мерехт, дар дил мегуфтам, зани дуюм ҳам одам асту оҳ дорад…

ИРАМ

Таснифи Нисо ХОЛИД

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД