arzon replenishment
СИТОРА ШАВҲАРАШРО ХОНАСЛОТ КАРД
5478

 

Аз шиносии Ситораю Мунис қариб як сол гузашта бошад ҳам, ҷавон дар бораи хостгор фиристодан даҳон намекушод. Мабодо худи Ситора ин мавзӯъро кушояд, дарҳол «мо ҳанӯз ҳамдигарро хуб намедонем»- гӯён, баҳона пеш меовард. Бепарвофалакии ошиқаш Ситораро ҷигархун менамуд, вале ҳамрозе надошт, ки дарди дилашро дар наздаш бигӯяд. Ниҳоят косаи сабраш лабрез гашт ва рӯзе ба модараш ҳасрат кард.

-Духтари сода, ҳамин хел интизор шуда шинӣ, ягон рӯз ин ошиқат ҳам зан мегираду даст дар бинӣ мемонӣ! Ин мардҳоро гӯсола барин зӯран кашола карда назди муллои никоҳгар набарӣ, ихтиёран намераванд,-даст афшонд модараш Сафаргул.

Ситора аз суханони роздори модар чизе нафаҳмида хоҳиш кард, ки ошкортар гап занад.

-Назди ягон ҷодугар рафта гармӣ кун, Мунисат худаш ба пеши поят афтида, зорӣ мекунад, ки занаш шавӣ, ҷони оча,-маслиҳат дод Ситорабонуи дар чунин корҳо таҷрибадор.

 

Дар хонаи ҷодугар

Рӯзи дигар очаю духтар ба хонаи мулло Қамар ном ҷодугари номдоре рафтанд. Мулло чашмони танги турконаашро аз Ситораи нозанин наканда, матлабашонро пурсид.

-Ҳамин духтараки нозанинам ба 32 даромада ҳанӯз шавҳар накардааст, домуллоҷон, ягон илоҷ кунед, ки бахташро ёбад,-зорӣ намуд Сафаргул.

Домулло китоби калонеро кушода, номи падар ва номи духтарро пурсид.

-Ситора, духтари Назар,-ҳозирҷавобӣ намуд Сафаргул.

Мулло чанд варақи китобро хонда ба коѓазҳои дар наздаш буда ким-чиҳо навишту ҳисобу китоб кард, баъд сар бардошта гуфт:

-О ин духтаратон нағздида дорад-ку!

Очаю духтар лаб газида, иқрор шуданд, ки Ситора бо Мунис ном ҷавоне як сол боз во мехӯрад, вале аз хостгорони ошиқаш дарак нест. Домулло сар ҷумбонда гуфт:

-Духтарҷон, хафа нашав, ин бачаи туро ба занӣ гирифтанӣ нест.

-О шумо ягон кор кунед, ки гирад,-як садсомониро пеши мулло Қамар гузошта, арзи матлаб намуд Сафаргул ва афзуд, -ҳамин духтарам ба дӯстдоштааш расад, қолини пеши бозорро бароятон туҳфа меорам!

-Ин тавр бошад, пагоҳ наъли асп, пашми уштур ва устухони фароштурук ёфта биёред, ман бачаро ба духтаратон гарм мекунам,-дилаш бо дидани пул нарм шуда гуфт мулло Қамар,-худо хоҳад, як моҳ нагузашта тӯяшонро мехӯрем!

 

Дар банди ҷоду

Ҷодугар ҳаққашро гирифта кори Ситораро буд кард ва рӯзи дигар духтари аз ваъдаи висол болу пар бароварда ошиқашро ба мулоқот даъват намуд.

Аз чӣ бошад, ки ин дафъа баробари Ситораро дидан дили Мунис якбора такорӯ шуда рафт. Дар як соли ошноӣ ягон бор дили ҷавон бо дидани ин духтар ин қадар гум назада буд, аз ин рӯ, ба ҳайрат афтида гуфт:

-Ситора, мабодо ту маро дар назди ягон мулло гармӣ накарда бошӣ?!

Рангу рӯйи Ситора бо шунидани ин гап якбора канд ва барои пинҳон кардани ваҷоҳаташ рӯяшро дигар тараф гардонда, бо садои базӯр шунаво ѓурунгид:

-Кори дигар надорам, ки туро гармӣ мекунам!

Бо ҳамин ба суҳбат дар мавзӯи гармию хунукӣ нуқта гузоштанд, вале аз ҳамон рӯз сар карда, муносибати ҷавон бо вай тамоман дигар шуд. Пештар Мунис ҳафтаҳо занг намезад, вале акнун дар як рӯз панҷ-шаш маротиба телефон карда, ҳолу аҳволи Ситораро мепурсид.

 

Келини шаттоҳ

Гапи мулло Қамар рост баромад, Муниси дар доми ҷоду афтида, ду ҳафта пас ба хонаи падари Ситора хостгор фиристод ва як моҳ нагузашта тӯйи деринтизор баргузор шуд, вале...

Аз рӯзи аввали ба хона шавҳар қадам гузоштан Ситора бо хушдоману қайсингулҳояш соз нагирифт. Бо андак гап келинчаки маѓрур дегро ба табақ мезаду табақро ба коса ва ҷангу ҷанҷол карда, хонаро ба сар мебардошт. Бечора модаршӯю қайсингилҳояш ба тақдир тан дода, дигар ба арӯси ҷанҷолӣ кордор намешуданд, то хандахариши мардум нагарданд, вале Ситора бо шавҳари худаш ҳам соз намегирифт. Баҳудаю беҳуда рашк карда, ҷони Мунисро ба лабаш мерасонд. Ҷавон аз серҷоѓии зани хушкардааш ба дод омада, як моҳ пас ба Русия мардикорӣ рафт.

 

Модар не, балои ҷон

Мунис қариб ҳафт сол дар Русия мардикорӣ карда, ҳамеша барои таъмини аҳли оилаашон пул мефиристод. Падару модараш аз ҷангу ҷанҷолҳои беҳудаи зани Мунис ба дод омада, барояш хонаи алоҳида сохтанд, то дигар рӯйи келини шаттоҳашонро набинанду насӯзанд. Мунис дар ин миён чандин маротиба ба Ватан омада, ду-се моҳӣ дам гирифта рафт ва Ситора соҳиби се фарзанд шуд, вале ҳанӯз ақлаш ба сараш намезад. Ин ҷавонзани ҷанҷолӣ бо бачаҳои худаш ҳам соз намегирифт ва бо андак гуноҳ кӯдакони бечораро бераҳмона мезад.  

Қасами зансеталоқ

Пас аз хонаю дарашро обод намудан, Мунис дар фикри мошинхарӣ шуд. Вай ҳар моҳ аз Русия ба занаш қариб ду ҳазор доллар пул фиристода, таъкид мекард:

-Чорсад доллараш ҳаққи ту ва бачаҳоям, хӯред, пӯшед, вале боқимондаи пулро ҷамъ карда мон! Мабодо ахмақӣ карда, пулро обу лой кунӣ, ту ба ман се талоқ!

Ташвиши Мунис беҳуда набуд, зеро ҳар моҳ барои зану фарзандонаш пул фиристад ҳам, баъди баргаштан мефаҳмид, ки ҳамсараш аз тамоми маѓозаҳои гирду атроф қарздор аст. Cитора ин қадар пулро куҷо мекард, худаш медонисту халос.

 

Дузди худӣ

Аз байн қариб ду сол гузашт ва Муниси аз азоби ѓурбат ҷонаш ба лаб расида, қарор дод, ки ба хона бармегардаду бизнес кушода, минбаъд зиндагиашро дар Ватан пеш мебарад. «Дар дасти занак бояд беш аз бист ҳазор доллар пул ҷамъ шуда бошад, ин пул ҳам ба мошинхарӣ мерасаду ҳам барои кушодани ягон маѓозача кифоя мекунад» мегуфт худ ба худ ҷавонмарди мусофир, вале…

Ҳамон шабе, ки саҳараш бояд Мунис ба Ватан бармегашт, Ситораи маккора худаш тирезаро шикаста, пардаро бо корд бурид ва тамоми кӯрпаю кӯрпачаҳоро ба чор тараф ҳаво дода, қулфи сандуқро шикаст, то чунон вонамуд созад, ки ба хона дузд даромадааст. Пас аз ин ҷавонзани шаттоҳ доду фарёдзанон ҳавлиро ба сар бардошт, ки хонаамро ғорат кардаанд. Ҳамсояҳо ва хурусу хушдоманаш аз фиғону нолаи Ситора ба ташвиш афтида, сӯйи хонаи Мунис тохтанд.

-Хонаамро ғорат кардаанд! Дузд ҳамаи пулҳои фиристодаи бачаатонро бурдааст, Мунис биёяд, сари маро аз танам ҷудо мекунад,-рӯю мӯяшро канда, нола мекард Ситора дар назди волидони шавҳараш.

Раиси маҳалла ин хабарро шунида миласа ҷеғ зад, вале ҳомиёни қонун дар ҷойи ҳодиса ягон изи по ё чизи дигари шубҳанокро пайдо накарданд. Парванда ба дасти прокурори таҷрибадоре афтид ва тафтиш нишон дод, ки дузд бегона не, худи соҳибхоназан будааст.

Дар рафти тафтишот Ситора фош шудани дурӯѓашро эҳсос намуда, иқрор шуд, ки мазҳакаи дуздиро худаш сохтааст, то шавҳараш дигар пулҳояшро напурсад. Ҷавонзани беандеша беш аз бист ҳазор доллари бо хуни ҷигар дар мулки ѓурбат коркардаи шавҳарашро ба чӣ сарф кардааст, касе намедонад. Акнун Муниси қасами зансеталоқ хӯрда, ҳайрон аст, ки чӣ кор кунад, Ситора бошад боз дар ба дари ҷодугарон медавад, то шавҳарашро дубора бо сеҳру ҷоду ба домаш афтонад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД