Ман зани яке аз ҳунармандони ҷавону шинохтаи кишварамон ҳастам. Азбаски шавҳарам ниҳоят марди зебову дилкаш аст, таваҷҷуҳи занону духтарон нисбаташ хеле зиёд аст, ҳатто ҳангоми як лаҳзаи аз мошин пиёда шуданаш духтарони зиёде ба сӯяш давида, соядаст мепурсанд ва хоҳиши ҳамроҳ акс гирифтанро мекунанд.
Бо дидани ин манзара хун ба сарам мезанад. Дигар ба консертҳояш намеравам, то ки аз рашк девона нашавам. Дар ҳузури ман чунин аҳвол бошад, дар набудани ман мухлисонаш шавҳарамро бӯсаборон мекардагистанд-дия! Сарҳисоби корамро гум кардам, илтимос, ба ман маслиҳат диҳед!
Маслиҳати СОМОНА:
Хоҳари азиз! Шумо бояд дарк намоед, ки зиндагии сароянда бе саҳнаву бе мухлис намешавад. Ҳамаи ин духтарону занон мухлиси ҳунари шавҳари шумо ҳастанд. Ба гирду атроф нигаред, магар мардҳои дигар зебо нестанд? Боварӣ дорам, ки аз шавҳари шумо даҳҳо маротиба зеботарҳо ҳастанд. Агар ба ҳамаи зангҳои телефонӣ, туҳфадиҳӣ ва истиқболи мухлисони шавҳаратон аҳамият диҳед, ҳам асаби худатонро вайрон месозеду ҳам ғазаби шавҳаратонро меоред. Фаромӯш насозед, ки мавқеи шумо дар ҳаёти шавҳаратон дигар асту мавқеи мухлисонаш дигар. Мухлисон миллион нафар буда метавонанд, вале ҳамсар фақат яктост. Барои фаҳмидани нуқтаи назари шавҳаратон дар ин бора бо ӯ суҳбат кунед. Бигзор ҳангоми бо мухлисдухтарон рӯ ба рӯ шуданатон аз дасти шумо дорад, то онҳо дарк намоянд, ки ин мард танҳо ба шумо таалуқ дорад. Он гоҳ шумо дилпур гашта, фикрҳои мағшушро аз сари худ дур месозед ва минбаъд бо хотири осуда ба консертҳояш меравед.