Sebiston new 2024 october
Зани 23-сола панҷгоник таваллуд кард
4075


Тавлиди панҷгоникҳо ҳодисаи ниҳоят нодир ба шумор меравад. Аз рӯйи гуфти олимон дар 480 сол танҳо як маротиба панҷгоник ба дунё меояд. Чанде пеш чунин як ҳодисаи фараҳбахш дар шаҳраки Миловице ба вуҷуъ пайваста, тамоми сокинони Чехияро ба ҳайрат овард.

Александра Киноваи аллакай соҳиби як писар бошад ҳам, орзу дошт, ки боз як фарзанди дигар ба дунё биёрад. Вақте ки ин ҷавонзани 23-сола бори дуюм ҳомиладор шуда, барои ташхис ба назди духтури занона рафт, баъди гузаронидани УЗИ ба ӯ гуфтанд, ки дар батнаш беш аз як тифл инкишоф ёфта истодааст. Азбаски ҳам дар авлоди Александра ва ҳам дар авлоди шавҳараш дугоникҳо буданд, ҷавонзан гумон кард, ки анъанаи авлодиро идома дода, дугоник таваллуд мекунад, вале...
Ташхиси такрорӣ
Пас аз чанд муддат табибон Александраро ба ташхиси такрорӣ даъват намуданд. Натиҷаи ташхис натанҳо зану шавҳари ҷавон, балки худи табибонро низ ба ҳайрат овард, зеро УЗИ аз мавҷуд будани чоргоник дар батни Александра гувоҳӣ медод. Аҷибаш он буд, ки ба ғайр аз чаҳор эмбрион дар батни зан боз чизе меҷунбид, аммо аниқ кардан душвор буд, ки ин ҷисми ҳаракаткунанда чист.


Хулоса, ҳамарӯза дар паси дарвозаи хонаи Зиёрат ҳоҷатмандони зиёде аз дуру наздик ҷамъ омада, навбат мепоиданд, вале...


Хабари аҷоиб
Вақте ки Александраро бори сеюм УЗИ карданд. Даҳони ҳама воз монд. Ташхис нишон дод, ки дар батни ин ҷавонзан на чоргоник, балки панҷгоник инкишоф ёфта истодааст. Бо шунидани хабар дар чашмони Александра донаҳои ашк ҳалқа заданд, зеро ӯ чунинашро ҳаргиз интизор набуд.

Тавлиди панҷгоник
Вақте ки занонро бо роҳи сунъӣ бордор мекунанд, аксаран дугонику сегоник тавлид менамоянд, вале бо роҳи табиӣ чоргонику панҷгоник ба дунё овардани зан ҳодисаи ниҳоят ндир ба шумор меравад. Аз ин хотир вақте ки Александраро дарди зодан гирифт, зиёда аз 40 нафар табибони таваллудхона дар болои сараш буданд. Ҳамин тавр дар зери назорати қатъии табибон ҷавонзан чаҳор писару як духтарчаро зеборо ба дунё овард, ки ҳамаашон сиҳату саломат буданд. Пичарчаҳоро Даниэль, Майкл, Алекс, Мартин, духтарча Тереза ном ниҳоданд.

Тифлакони дӯстдоштанӣ
Имрӯз ин тифлакон натанҳо азизи дили падару модар, балки кӯдакони дӯстдоштаи тамоми мардуми Чехия ба шумор мераванд. Александра ва шавҳараш тез-тез панҷгоникҳоро сурат гирифта, акси фарзандонашонро дар сомонаҳои интернетӣ мегузоранд, мардум бошанд, ба қадри имкн ва тавоноии худ ба ин оилаи серфарзанд кӯмак расонида, барои кӯдакон памперс, шир, хирсаку мошинча мефиристанд ва барои хароҷотҳои ин оилаи калон пул медиҳанд. Хонаи панҷҳуҷрагие, ки баъди тавлиди панҷгоникҳо ҳукумат ва Аолександра ва шавҳараш тӯҳфа кардааст, аллакай пур аз бозичаҳои қимматбаҳо гаштааст ва ин зану шавҳари хушбахт бо фарзандони нозанинашон меболанд...
Тарҷумаи Ф. Сатторӣ
Мавод аз BloggersArena гирифта шудааст

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД