arzon replenishment
Занг аз дӯзах (ҚИСМИ 2)
1741

Лайло як моҳи дароз бемор хобид дар ин муддат Анвар дар гирдаш парвона буд, ҳатто барои хона масолеҳи хурданӣ харид.

Лайло худ ба худ мегуфт, ки як моҳ дардманду зардоб хобидан ҳеҷ гап не, кош Анвар аз роҳи бад гардад, ӯро назди падару модар ва бародаронаш забонкӯтоҳ накунад, вале…

Анвар баъди ин ҳодиса бадтар шуд, ки беҳтар не, акнун ӯ шабҳо намеомад, ё дер карда меомад, баҳонааш тайёр буд “бо ҷӯраҳо шиштем”… Бечора Лайло агар як ҳарфи зиёдатӣ гӯяд, зери муштҳои оҳанини шавҳар мемонд. Ӯ хомӯш заҳробаи талхи хиёнатҳои шавҳарро тоқат мекард, Анвар хонаи худашро барои зан ба дӯзах табдил дода буд. Асабҳои Лайло вайрон шуда буданд, ӯ бисёр мегирист, Анвар ба ӯ девона лақаб дода буд ва ба унвонии модару падару бародаронаш ҳақоратҳои болохонадор мефирист. Ҳақоратҳои қабеҳе, ки дар тӯли умраш дар ягон ҷо нашунида буд. Аз зиндагии онҳо панҷ сол сипарӣ мешуду дар қади Лайло фарзанд намешуд, зан чанд бор ба духтур рафт ва гуфтанд, ки ту айбе надорӣ, ҳамсарат бояд табобат гирад. Бечора Лайло инро ба шавҳараш гуфта, як гапҳое мешунид…

-Ту модагови қисир, ҳатто бача таваллуд карда наметавонӣ, ман ба духтур намеравам,- гӯён таҳқираш мекард. Лайло Анварро бо ҳама саҳву хатояш дӯст медошту ҳаргиз ба гӯшаи хотираш ҳам намеовард, ки рӯзе нақшаи ҷудо шудан аз вайро мекашад, вале ҳодисае рӯй доду косаи сабрашро лабрез кард. Ба бонки онҳо Гулбарг ном ҷавонзане ба кор омад, ӯ бисёр зебо буду чашми мардони ҳавасбоз ҳама ба сӯи ӯ гаштанд, ки яктояш Анвар буд. Ҳамкорон мегуфтанд, ки Гулбарг аз шавҳараш барои нашъаманд буданаш ҷудо шудааст, ана ҳамин Гулбарг рӯирост бо Анвар мегашт, ҳама медонистанд ва аз қафояшон гап мекарданд. Чун Лайло ба Анвар аз ин хусус ҳарф зад, ӯ мисли ҳарвақта ӯро зери мушту лагад гирифт ва гуфт, ки “ин гап рост аст, ман Гулбаргро дӯст медорам ва зани дуюм карда мегирам, ки бароям фарзанд таваллуд кунад, ту хоҳӣ ҳамин, нахоҳӣ ҷудо мешавем!” Лайло дигар худашро идора карда натавонисту аз гиребони Анвар гирифт, Анвар ӯро бо лагат то аз ҳуш рафтанаш зад ва аз хона баромада рафт, Лайло ба худ омада, худро миёни хоку хун дарёфта, ба акааш занг зад. Ӯро ба беморхона бурданд, рӯзи дигар профессори сарсафед наздаш омада гуфт:

-Худатон сахт лат хӯрдед, аммо хайрият ҷанин беосеб аст. Лайлоро барқ зад, “чӣ хел ҷанин” гуфту аз ҳуш рафт. Бародаронаш Анварро кофта ёфтанд ва гуфтанд, ки ту зани ҳомиладорро маъюб кардӣ, назди қонун ҷавоб медиҳӣ. Анвари палид зуд суханро дигар тараф тоб дода гуфт:

-Ака, аз ман фарзанд намешавад, ман ҳомиладории Лайлоро фаҳмида, девона шудам ва худро идора карда натавонистам, ин кӯдак кӯдаки ман нест!

Бародаронаш то сиҳат шудани хоҳарашон ин тӯҳмати гӯшношунидро ба ӯ нарасониданд, вақте ӯ аз беморхона ҷавоб шуд, ӯро рост ба ҳавлии бародари калонияш бурда, ҳақиқати ҳолро гуфтанд. Лайло бо заҳрханда гуфт:

-Азизонам, ман ба ҳама муқаддасоти олам қасам мехӯрам, ки ғайри Анвар дастамро ягон марди дигар надоштааст,-ва бо гиря дӯзахи зиндагияшро ба онҳо нақл кард…

Инак, духтарчааш дусола мешавад, Парисо чун себи дукафон ба падараш монанд аст, аммо Анвар боре духтарашро напурсид. Лайло ин палидро фаромӯш накарда буд ва барояш доман-доман ашк мерехт, аз чизе камбудӣ надошт. Корро бас карда, ба тиҷорат даст зад ва имрӯз як зани муваффақ аст, шавҳар ҳам надорад, аз рангу рӯи мард безор аст. Бисёр хоҳиш дошт, ки Анварро фаромӯш кунад ва ҳамин занг баҳона шуд, ӯ ба хонаи хоб даромада, катчаи Парисоро аз назар гузаронид, бахти ӯ табассум мекард.

Рӯзи дигар Лайло худро бардаму болидарӯҳ эҳсос кард, боз ба дунё аз равзанаи муҳаббат нигоҳ мекард.

                                                            Нисо Холид

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД