Элис Оглтри аз иёлати Texas (ИМА) ба наздикӣ рекорди шахсии худро дар китоби рекордҳои Гиннес нав кард. Ӯ 2 645,58 литр шири худро ба хайрия супурда, натиҷаи пешинаашро, ки соли 2014 ба миқдори 1 569,79 литр сабт шуда буд, паси сар гузошт.
Кумакҳои Элис имкон доданд, ки беш аз 350 ҳазор тифли норасид ва бемор бо ғизои зарурӣ таъмин гарданд. Қисми зиёди шир тавассути Бонки шири модарони Шимоли Техас тақсим шудааст, ки дар он ҷо ҳар як литр метавонад то 11 кӯдакро ғизо диҳад.
Зан аз соли 2010 ба супоридани шир оғоз кард, вақте дарк намуд, ки баданаш нисбат ба ниёзи фарзанди худаш бештар шир ҳосил мекунад. Элис ҳар се соат, ҳатто шабона, ширро ҷамъоварӣ мекард. Ин кор хеле заҳматталаб буд, аммо натиҷааш арзишманд гардид: шири ӯ ҷони садҳо ҳазор кӯдакеро наҷот дод, ки ба он сахт эҳтиёҷ доштанд ва ин фидокориаш ӯро дар арсаи байналмилалӣ маъруф сохт.