Эрин Ханикатти амрикоӣ бори дуюм ба Китоби рекордҳои Гиннес ворид шуд. Соли 2023 ӯ бо дарозтарин риши занона, яъне 30 сантиметр рекорд гузошта буд. Ҳоло бошад, дарозии мӯйлабаш ба 31 сантиметр расида, рекорди нави ҷаҳонӣ гузоштааст.
Эрин мегӯяд, мӯйҳои зиёди рӯяш аз синни 13-солагӣ ба афзоиш оғоз карда буданд. Аз ин сабаб ӯ маҷбур мешуд рӯяшро дар як рӯз то се маротиба тарошад. Бо гузашти солҳо ӯ тавонист ба хусусияти зоҳириаш одат кунад ва онро ҳамчун як ҷузъи табиии худ қабул намояд. Ба гуфтаи Эрин, соли 2020 ӯ қарор кард, ки риши худро дароз кунад.
Мӯйлаб низ ҳамзамон бо риш меафзуд, аммо муддате онро кӯтоҳ мекард, зеро ба даҳонаш мерасид ва нороҳаташ мекард. Баъдтар ӯ тасмим гирифт, ки дигар онро натарошад ва ба афзоиш доданаш идома диҳад.