Синди Ҷексон, ровии 65-солаи амрикоӣ бо мақсади ба даст овардани зебоии табиӣ 48 амалиёти ҷарроҳии пластикӣ анҷом додааст.
Ӯро соли 2005 ба унвони зане, ки аз ҳама бештар ҷарроҳии пластикӣ кардааст, ба Китоби рекордҳои “Гиннес” дохил карда буданд.
Шумораи амалиётҳои Синди аз 48 зиёд буда метавонад, зеро ӯ дар бораи баъзе аз ҷарроҳиҳояш чизе гуфтан намехоҳад.
“Ман ҳамеша кӯшиш мекунам, ки намуди зоҳирии табиӣ дошта бошам. Агар натиҷаи ҳар як амалиёт маро қонеъ насозад, ин нокомӣ аст”,- мегӯяд ӯ.