Зани зебое ба ақди марди муъмин ва парҳезгор даромад. Мард ҳамеша аз зиндагӣ қонеъ буд ва ба каму кости рӯзгор шукрона мекард, вале зан тоқати ин ҳама сода зистанро надошт.
Рӯзе тобу тавони зан ба сар расид ва рӯ ба мард гуфт:
- Ҳоло ки ба хоҳишҳои ман таваҷҷуҳ намекунӣ, худам ба кӯча ва бозор меравам, то ҳама бидонанд, ки ту чӣ гуна зане дорӣ ва чӣ гуна ба ӯ бетаваҷҷуҳӣ мекунӣ! Ман зару зевар мехоҳам!
Мард дари хонаро боз кард ва оромона гуфт:
- Бирав, ҳар куҷо ки мехоҳӣ.
Зан бо нобоварӣ аз хона берун шуд - зебо ва зебанда.
Вақти ғуруб ба хона баргашт.
Мард бо табассум пурсид:
- Хуб, шаҳр чӣ гуна буд? Рафтӣ? Гаштӣ? Чӣ суд, ки ҳеҷ марде ба ту нигоҳ накард?
Зан ҳайрон шуд ва пурсид:
- Ту аз куҷо медонӣ?
Мард гуфт:
- Ва боз медонам, ки дар кӯча писараке рӯймолатро аз сарат кашид.
Зан боз ҳам бо ҳайронӣ пурсид:
- Оё маро таъқиб карда будӣ?
Мард ба чашмони зан нигоҳ кард ва гуфт:
- Тамоми умр кӯшиш кардам, то ба номуси мардум нигоҳ накунам, ҷуз як бор, ки дар кӯдакӣ рӯймоли занеро аз сараш кашида будам.
Ҳар ки бошад назараш дар пайи номуси касон,
Пайи номуси вай афтад, назари булҳавасон.