Зан ба сару рӯйи ҳамсояаш бензин пошида, мехост ҷавони 26-соларо зинда ба зинда оташ занад...
Вазорати умури дохилии кишвар аз боздошти як зани 51-солаи сокини ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд бо қасди одамкушӣ хабар додааст. Гуфта мешавад, ки ин зан бо ҳамсояи 26 солааш ҷангу ҷанҷол намуда, хостааст ӯро зинда ба зинда оташ занад.
Ба иттилоъи манбаъ, нисфирӯзии 12- октябр ин зан дар даст зарфи бензин ба хонаи ҳамсояаш даромадааст ва аз хусумати шахсӣ дар нӯги як чӯби дароз латта баста, онро оташ задааст ва ба сару рӯйи ҳамсояи 26-солааш бензин пошида, таҳдид кардааст, ки ӯро зинда ба зинда оташ хоҳад зад.
Айни замон нисбати боздоштшуда бо модаи 120-и Кодекси Ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз ёфта, тафтишот идома дорад.