formula
Занам маро «чумо» карданист
22.04.2023
Оила
1666

Ман бо занам ҳашт сол қабл оиладор шудам. Рафтори аҳли хонаводаи онҳо ба ман писанд нест. Падару модари занам аз рӯзи аввал маро ҳам мисли дигар домодҳояшон «чумо» кардан мехостанд, вале ман аз зумраи он мардоне нестам, ки ба хусуру хушдоман хушомад зада мегарданд.

Хусурам бо пулу молаш фахр мекунад, кару фари бачаҳояш ҳам дар осмони ҳафтум аст, вале ман онҳоро писанд намекунам. Апаҳову модари занам ҳар рӯз ба ӯ занг зада, ба ҳама кори оилаи мо бинӣ мехалонанд. Чанд бор онҳоро дар ҷояшон шинонда гуфтам, ки ба зиндагии мо кордор нашаванд.

Дар кӯчаю паскӯча бо ман сард аҳволпурсӣ карда, обрӯйи маро дар назди рафиқонам рехтанашон кам набуд, ки боз духтарашон ҳар рӯз қаҳр карда, таҳдиди ба хонаи волидонаш рафтанро мекунад. Медонам, ки модари занам “Оила”-ро мехонад, аз ин рӯ, ба волидони занам гуфтаниям: Духтаратон чунин зиндагиву чунин шавҳарро намехоста бошад, фарзандонамро дар хонаам монда, худаш метавонад ба хонаи дадаҷони пулдораш равад, касе сади роҳаш намешавад. Очаи духтарзой намурдааст, худи пагоҳ як духтари очааш мучӣ накардаро мегирам!
М, хонандаи “Оила”

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД