Formula 2025 may
Занам қарздору хонасалотам кард... (ҚИСМИ 2)
1515

Шикасти кор

Ҳафт сол пеш дар сохтумон аз баландие афтида поямро шикастам, шаш моҳи дароз ба хона пул равон карда натавонистам, бародаронам барои хўрду хўроки фарзандонам пул равон мекарданд. Дар ҳамин айём Хумор занг зада гуфт, аз бонк каме пул қарз гирифта ба тиҷорат машғул мешавад. Ростӣ аввал каме нею нестон кардам, вале Хумор бо меҳрубонӣ диламро ёфт ва аз ҳамон рўз сар шуд бебаракатӣ дар зиндагии мо…

Хумор аз бонк аввал панҷ ҳазор доллар қарз гирифта ба тиҷорати ороишоти тиллоӣ машғул мешавад, аммо тиҷораташ омад намекунаду ҳамин тавр давом додан мегирад. Оқибат панҷ ҳазор доллар ба панҷоҳ ҳазор доллар мерасад, азбаски ҳуҷҷатҳои хонаро дар бонк ба қарз мондааст бонк хонао гирифтанӣ мешавад... Ман ки акнун нав роҳгардон шуда будам бо шунидани ин моҷаро ба хона баргаштаму Хуморро хуб сарзаниш намуда мошинамо фурўхтаву аз бародаронам қарз гирифта ҳуҷҷатҳои хонаро аз бонк гирифтам. Занакҷон, ба хотири дўстдорияму фарзандон хатоятро бахшидам, минбаъд эҳтиёт намову ҳеҷ гоҳ қарз нагир гуфтам ба ў. Хумор низ бо гиряву зорӣ бахшиш пурсиду гуфт, ки тавба кардаам, аммо тавбаашро боз шикаст…

Дили омўхта

Ман баъди маслиҳатҳои тулонӣ бо Хумор боз ба Русия рахти сафар бастаму Хумор пайи маро тоза карда, қасамҳои назди ман хўрдаашро фаромўш карда боз қарз гирифтааст. Боз ҳуҷҷатхои хонаро ба гарав монда…

Ин даъфа вай ба доми фиреб афтодааст, қалобе бар ивази сӣ ҳазор доллар ба ў оҳанпораҳои бекораро тилло гуфта фурўхтааст. Маро пойи маъюбам азоб медоду чун ҳарвақта пул кор карда наметавонистам. Падару модару бародаронам ҳам ту лаҷоми занатро кашида наметавонӣ гуфта бо ман ногап шуданд. Охир дар деҳаи мо қарз гирифтану қарздор шудани занро як шармандагӣ меҳисобанд. Чун апаи калониям ин хабарро ба ман расонд, аз қаҳру ғазаб як моҳ бемор шудам, заъфи асаб ҳоламро хароб кард. Шаш моҳ умуман бо Хумор гап назадам, вале падарам занг зада гуфт: “Бар падари туву зандорият ҳазор лаънат хезу биё, хонаву даратро бонк мегирад!”. Билет гирифта бо дили реш ба ватан рафтам, ба ду духтару ду писарам нигариста дилам реш мешуд… Ман дигар илоҷе надоштам, бонк хонаамонро кашида гирифта моро аз дар берун кард. Хусуру хушдоманам аз дасти духтари эркаю ягонаашон ба дод омада буданду ноилоҷ зану фарзандони маро дар хонаашон ҷо карданд. Ман онҳоро дар ватан омада ба дигар ёди ватан накардам, авҳоламро худам медонаму Худо. Ҳозир авҳоли муҳоҷирон ба ҳама маълум, ин вабои хатарзо зиндагии сангини муҳоҷири тоҷикро дар мулки Рус сангинтар кард. Ба зур пуле меёбем, ки маблағи иҷораро пардозему як луқма хўрем. Гоҳ-гоҳе баои кўдаконам пул мефиристам, аммо дилам аз Хумори касофат мондааст…

Бераҳмию якравӣ ва худхоҳии занам, сустию занкалониям маро ба ҳамин рўз расонд. Имрўз дар кўчаҳои зиндагӣ саргардонам, умрам ба чил дакка мехўраду ҳеҷ не, ки сарҳисоби зиндагиямро ёбам…

САЙНУРИДДИН, аз шаҳри Самараи Федератсияи Русия

Таснифи Нисо ХОЛИД

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД