Ин номаро ба шумо марде менависад, ки ба номи пуршарафи мардӣ сазовор нест, бале, ҳайрон нашавед, нест! Охир, марде, ки гапаш ба зани худаш намегузарад, оё мард аст?!
Шаш сол боз ман овораю сарсон дар Русия муздурӣ мекунам, ҳеҷ не, ки якам болои ду шавад, зеро касофати қарзҳои ҳамсарам маро ба ин ҳол овардаанд. Мехоҳам сарнавишти талхи зиндагиямро ба хонандагон нақл кунам, ин дарду алами маро кам ҳам накунад, шояд ба нафари дигар сабақи зиндагӣ шавад. Шояд мардоне, ки мисли ман бо садои доираи занҳои худ рақс мекунад, ба худ оянд? Бояду шоядҳои зиёде дорад сарнавишти ман, қазоваташро ҳавола бар шумо менамоям…
Арўси соҳибҷамол
Ман дар оилаи серфарзанд ба дунё омадаам, падару модарам бо меҳнати ҳалол мо чор писару шаш духтарро ба воя расонида соҳиби зиндагии алоҳида карданд.Мо бо муздурӣ нони худро ёфтаем, азбаски меҳнатдўсту шикастанафс будем, пули хуб кор мекардем. Бародари калониямон шаҳрвандии Русияро соҳиб шуду моро сарпараст гашт, хонаи падариро ба додари хурдиям гузошта ману акаи дуюмам барои худ хонаҳои зебои замонавӣ сохтем. Акаам оиладор буд, барои ман волидайнам арўс ёфтанд, ман худам ҷавони пастқомати сабзина бошам ҳам хешамон, ки дар маркази ноҳия зиндагӣ мекард духтари нозанинашро ба ман дод. Зеро медонист, ки духтари ягонаашро баъди тўй ба хонаи алоҳида мебаранду азоби хизмати хусуру хушдоманро намекашад. Ростӣ ман баъди хатми мактаб ба Руссия рафта будаму касеро дўст ҳам надошта будам, вақти ишқбозӣ низ набуд. Зани қоматбаланди сафедчеҳраамро бо як дидан дўст доштам, он қадар дўсташ медоштам, ки равои озорашро надоштам. Баъди як ҳафтаи тўй ба хонаи худамон кўчидем, се моҳи дар ватан будан, ҳамсарамро намегузоштам, ки дасташро ба косаи тар занад. Мо субҳонаву хўроки нисфирўзиро дар хонаи волидайнам мехўрдему шом аз маркази ноҳия ягон чизи бомазза харида меовардам, дар ватан ба кирокашӣ машғул будаму ҳамеша пул доштам. Гармиҳо фаро расиданду ман боз роҳ пеш гирифтам сўйи Русия ва Хумор, ки акнун дар батнаш фарзанд дошт дар деҳа монд…
Ишқи зиндагӣ
Занамро зиёд дўст медоштаму пули ёфтаамро барояш мефиристодам, ў низ як тинро беҷо сарф накарда дар ободонии хонаву дар сарф мекард. Писарам ба дунё омаду ман баъди якмоҳа шуданаш билет гирифта ба диданаш омадам, хонаву дар ободи обод будаанд. Атрофи ҳавлӣ девори баланди хиштӣ бародошта ҳавозаи баланди ангур сохтанду дарвозаи мунаққаши зебо шинонданд.Занамро, ки баъди таваллуди фарзандамон худашро пур карда аз пештара зеботар шуда буд, маҷнунвор дўст медоштам.Шукронаи зиндагии ободу зебоям мекардам, ҳамин тавр пайи ҳам соҳиби чор фарзанд шудем. Ман шаш моҳ дар Руссия будаму шаш моҳи дигар дар ватан, мошин доштаму кирокашӣ мекардам. Фарзандонам пайи ҳам мактабхон шуданду мехостам тамоми шароитро барояшонмуҳаё кунам, бо Хумор яҷоя нақшаҳои зиёде мекашидем, аммо беҳуда нагуфтаанд, ки кори хона ба бозор рост намеояд…
(Давом дорад)
САЙНУРИДДИН, аз шаҳри Самараи Федератсияи Русия
Таснифи Нисо ХОЛИД