Ба ифтихори иди бонувон ва “Рӯзи матбуоти тоҷик” дирӯз дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши занҳои қаламкаш зери унвони “Зан ва замон” баргузор гашт.
Чорабиниро Ҳилолбӣ Қурбонзода, Раиси Кумитаи кор бо занон ва оила ҳусни ифтитоҳ бахшида, дар бораи нақш ва мақоми занон дар ҷомеаи муосир сухан ронд.
Раиси Кумитаи кор бо занон ва оила аз занҳои қаламкаш ва суханвар ситоиш намуда, таъкид кард, ки бонувони журналист дар инъикоси мавзуъҳои муҳими ҳаёти ҷомеа ва дастовардҳои Тоҷикиситон дар тамоми самтҳо нақши муҳим ва назаррас доранд.
“Дар даврони истиқлолият бо талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақш ва мақоми занон дар ҷомеа торафт болотар меравад. Имрӯз ягон соҳае нест, ки дар он нақш, меҳнат ва дастоварди зан вуҷуд надошта бошад. Занҳои тоҷик имрӯзҳо дар тамоми шохаҳо содиқона кор карда, ба муввафақиятҳои бузург ноил мегарданд. Имрӯз мо дар ин толор занҳоеро ҷамъ овардем, ки бо қалам сарукор доранд. Шумо, бонувони қаламкаш ва суханвар бо қудрати сухани созандаи хеш метавонед он ҳама дастовардҳои давлату миллати тоҷикро инъикос намуда, комёбиҳои бонувони кордон ва миллатпарастамонро дар ҳама ҷодаҳо ба самъи аҳли ҷомеа расонед. Ин хизмати хеле бузург аст”-гуфт зимни суханронии худ хонум Ҳилолбӣ Қурбонзода.
Ҳамчунин, дар чорабинӣ намояндагони Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ, Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, сардабири маҷаллаи “Бонувони Тоҷикистон” Шоҳона Сулаймонӣ, сардабири рӯзномаи “Народная газета” Маҳбуба Камолова ва намояндагони дигар ташкилоту идораҳои марбута ширкат варзида, аз кору пайкори бонувони журналист гуфтанд ва дар бораи нақши занони хабарнигор дар ҷомеаи муосир, ки хеле пуртаззод буда, ҷаҳонбинии васеъ, ақлу заковати баланд ва ҳушёрӣ мехоҳад, андешаҳои ҷолиб баён намуданд. Аз ҷумла Раҳмон Мирализода, ки Вазорати фарҳанги Тоҷикистонро намояндагӣ мекард, дар боби нақши муассири занони тоҷик дар тӯли таърих сухан ронда аз ҷумла чунин таъкид кард:
“Муносибат ба зан-модар дар фарҳанги мо дар тӯли таърих шурӯъ аз замони Сосониҳо, Ҳахоманишинҳо, Ашкониён ва баъдан бо вуруди ислом ҳамеша олӣ ва барҷаста будааст. Тавре ки Абурайҳони Берунӣ менависад,каёниҳо дар моҳи исфанд рӯзи занро таҷлил мекардаанд ва баъдан дар замони Ҳахоманишиҳо ин ид ба як ҷашни калони дарборӣ табдил ёфтааст. Ин аз эҳтироми бузурги миллат нисбат ба зан-модар гувоҳӣ медиҳад. Дар ҳамон давраҳо ду маликаи ориёӣ-Озардухт ва Бӯрондухт сари қудрат омада буданд. Империяи бузургеро идора кардани ин ду зан аз боварӣ ва эътиқоди мардум ба дониш, малака ва қудрату тавоноии занон дар Шарқ дарак медиҳад”.
Дар фарҷоми ин чорабинии зебо Кумитаи кор бо занон ва оила ба бархе аз бонувони журналист барои саҳми арзандаашон дар рушду нумӯи матбуоти тоҷик, дастгирии сиёсати давлат ва ҳамкориҳои судманд ифтихорнома ва сипоснома супурд.
Ёдрас мешавем, ки пагоҳ, 11-март Рӯзи матбуоти тоҷик дар толори Китобхонаи миллӣ ба таври тантанавӣ таҷлил карда мешавад.