Arzon admin
Зан пулро бинад, маст мешавад?
909

Занҳоро сарфакор, сариштакор мегӯем, вале ҳастанд тоифаи занҳое, ки мардҳои хонаашонро кашола намуда, ба мағозаву бозор мебаранду бо халтаҳои пурбор ба хонаҳояшон бармегарданд. Мардҳои зиёде аз ин шикоят мекунанду аз исрофкории занҳояшон гурезон шудаанд. Биёед назари чанд нафар хонандагонамонро дар ин мавзуъ пурсон мешавем.

Наҷибулло:

- Мардҳои дигарро намедонам, вале зани ман инсоф надорад. Рӯзи дароз таксӣ ронда, ҳамин ки ду тангаро ҷамъ кардам, занам занг зада, “мардак чанд сум ёфтӣ, картошкаву сабзиву равғану гӯшт тамом шудааст” мегӯяд. Баъди пулро додан, вақте мефаҳмам, ки ба бозор рафта, барои худаш либосворӣ харидаст, дуд аз димоғам мебарояд. Ҳамин, ки ӯро сарзаниш кунам, “мардак ном дорӣ, таъмин кардани хона ба гарданат аст!» гӯён, шаттоҳӣ мекунад. Агар занҳои мо азоби пулёбиро медонистанд, шавҳарро ин қадар азоб намедоданд.

Субҳон:

- Боре барои харидани баъзе ашёҳои зарурии рӯзгор ҳамроҳи занак ба бозори «Корвон» рафтем. Занам маро кашолакунон ба назди як матои қимматбаҳое бурд, ки онро барояш харида диҳам. Рад кардам, зеро мо барои харидани матоъ наомада будем. Занам дар байни бозор моҷаро бардошта, “садқаи хубиҳои ман шавӣ, садқаи хӯрокҳои кардаам шавӣ, ман ба як матоъ арзиш надошта бошам, талоқамро деҳ!” гӯён, маро шарманда кард. Ӯро кашолакунон базӯр ба назди мошин оварда, фаҳмондам, ки дар кисаам пули кам дораму барои харидани он матоъ намерасад, вале ҳамсарам маро шунидан намехост. Баъди ҳамон ҳодиса дигар ҳеҷ гоҳ бо занам ба бозор намеравам.

Шарофат:

- Ман занҳои исрофкору бефаросатеро, ки пули шавҳарро беҳуда сарф мекунанд, ҷонибдорӣ карданӣ нестам, вале як нуқтаро қайд карданиям, ки агар мо занҳо пулҳои мардҳоямонро саришта накунем, ӯ аз худ меравад. Мард, ки пулдор шуд, зани дуюм мегирад. Ҳозир кӯчаву пасткӯча пур аз бевазанҳо шудааст. Ҳамин, ки марди галстукдорро диданд, зуд гаппарониву ширинзабонӣ намуда, дар пусташ ҷой мешаванд.

Хайриддин:

- Гумон мекунам, ки сабабгори хароб гаштани буҷаи оила, латтапарастии занҳоямон аст! Мо дар асри бисту як зиндагӣ дорем, лекин занҳои мо то ҳол ба маъракае, ки даъватамон мекунанд, албатта бо дастархон ё ба қавли маъмул бо «лаган» мераванд. Кайф кайфи мардҳо, ки бо як салом кардан вориди тӯйхона мешаванд, вале онҳо маҷбуранд, ки дохили дастархони занҳояшонро аз қанду қурс ва матоъҳои зебанда пур намоянду баъдан занҳояшонро ба маърака гусел намоянд. Боз мегӯем, ки мардуми мо камбизоатанд, албатта баъди чунин харҷу хароҷоти зиёд кисаи мард холӣ мешавад.

Нуралӣ:

- Пайғамбари ислом Ҳазрати Муҳаммад дар ҳадисҳои мубораки хеш фармудаанд, ки «Исроф ҳаром аст. Пас, чаро мо ба коре даст мезанем, ки шариати ислом онро ҳаром шуморидааст? Боз дар ҳадиси дигар омадааст, ки «Беҳтарин зан он аст, ки харҷаш аз дигар занон камтар бошад», оё мо наметавонем пеши ин доғи рӯзро бигирем?

Мавлуда:

- Мо занҳо як одати бад дорем, хеле зудбовар ҳастем. Мардҳоямон чизе гуфт, бояд ба гапи онҳо кор кунем. Шахсан бепарвогии ман сабаб шуду ҳамсарам зани дигар ёфт. Вақте шавҳарам пул меёфт, зуд ба дастам медод, то онро харҷ накунам. Се сол фақат пул ҷамъ кардаму ба дасти шавҳарам додам ва ӯ хонаи сеҳуҷрагӣ харид. Баъдан фаҳмидам, ки бо пулҳои ҷамъкардаи ман ба оимчаи ҷавонаш хона харидааст. Бо ҷангу ҷанҷол на хонаро ба даст оварда тавонистаму на пулҳояшро. Хотири фарзандон муҳри хомӯшӣ ба лаб зада, зиндагӣ дорам, вале аз кори кардаам сахт пушаймонам. Ман пул ҷамъ кардаму роҳатро зани дигар дид!

Шаҳло:

- На ҳамаи занҳо исрофкору пулмастанд, масалан ман дар давоми 30 соли зиндагии оилавӣ боре аз шавҳарам пул нагирифтаам. Худам як умр кор мекунаму пул ёфта, ҳам камбудии худам ва ҳам аз фарзандонамро бартараф мекунам. Аламовараш ин аст, ки шавҳарам боре барои чунин кирдорам аз ман миннатдор нашудааст. Барои ҳамин пушаймон ҳастам, ки мисли дигар занҳо аз ҳисоби шавҳарам нахӯрдам, мард ҳеҷ гоҳ ба қадри зани хуб намерасидааст!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД