Arzon march 2024
ЗАН ҚОТИЛИ ШАВҲАР
4308


Занкушӣ, шавҳаркушӣ, худкушӣ, фарзандкушӣ, падаркушию модаркушӣ, қатли келин аз ҷониби наздикони домод ва дигар фоҷиаҳои хонаводагӣ аз падидаҳои нангини солҳои охири кишвари мост.

Ин рӯйдодҳои хунин гувоҳи аз байн рафтани ҳурмату эҳтиром дар оила, гум шудани ҳисси раҳму шафқат нисбат ба ҳамдигар ва паст шудани маърифати хонаводагӣ мебошанд. Инак, боз дар як хонаи тоҷик куштор сар зад. Даҳшатовараш он аст, ки қотилон одамони бегона не, шахсони наздиктарини мақтул буданд...

Вазорати корҳои дохилии кишвар аз сар задани боз ҳодисаи ваҳшатангези қатл дар муҳити хонавода хабар додааст. Ин рӯйдоди нохуш субҳи 6-уми ноябр, дар рӯзи Иди Сарқонун дар ноҳияи Масчоҳи Вилояти Суғд ба вуқуъ пайваста, як зани 45-солаи масчоҳӣ шавҳарашро ба қатл расонидааст.

Тибқи иттилоӣ ин манбаи мӯътамад зани масчоҳӣ бо писари 22-солааш забон як карда, тахминан соатҳои 07-30-и субҳи 6-уми ноябр бо шавҳараш ҷанҷол мекунад. Дар ҷараёни ин моҷарои хонаводагӣ ин зани 45-сола шавҳари 48-солаашро бо болишт бӯғӣ карда куштааст.

Нисбати зани шавҳаркуш бо қисми 2-и моддаи 104-и Кодекси Ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуда, тафтишоти ин қазия аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД