Ҳамсарам пофишорӣ кард, ки маро ба Ҳаҷ равон кунед. Аз он ки сатҳи иқтисодиам чандон хуб набуд, натавонистам худам ҳам ҳамроҳаш равам.
Зеро пасандози ҷамъкардаам, танҳо ба як нафар мерасид. Хулоса, занамро ба Хонаи Худо равон кардам. Аммо ӯ рафт ва дар давоми сафар бо роҳбаладаш никоҳ кард ва дигар ба хона барнагашт. Фаҳмидан мехостам, ки дар ин ҳолат ягон ҷавобгарӣ пешбинӣ шудааст?
Г.Д.
Посух
Мувофиқи моддаи 1 Кодекси оилаи ҶТ: Танзими муносибатҳои оилавӣ дар асоси принсипҳои ихтиёрӣ будани ақди никоҳи марду зан, баробарии ҳуқуқи зану шавҳар дар оила, ҳалли масъалаҳои дохилиоилавӣ дар асоси мувофиқаи тарафҳо, афзалияти тарбияи кӯдакон дар оила, ғамхорӣ нисбати некӯаҳволӣ ва рушди камоли онҳо, таъмини бештари ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои аъзои ноболиғ ва ғайри қобили меҳнати оила сурат мегирад.
Мувофиқи моддаи 32 кодекси мазкур: Зану шавҳар ҳар кадомашон дар интихоби шуғл, таҳсилот, касб, намуди фаъолият, маҳалли истиқомат ва будубош озод аст.
2. Масъалаҳои падариву модарӣ, таълиму тарбияи фарзандон ва масъалаҳои дигари ҳаёти оилавиро зану шавҳар якҷоя, бо назардошти принсипи баробарҳуқуқии зану шавҳар ҳал менамоянд.
Ҳамин тавр аз меъёрҳои мазкур бармеояд, ки зану шавҳаа дар бастан ва бекор кардани ақди никоҳ ва дигар масъалаҳои оилавӣ озод ва баробарҳуқуқ мебошанд. Вобаста аз ин дар кирдори ҳамсари шумо ҳеҷ гуна қонунвайронкунӣ дида намешавад.
Ҳамчунин зан субъекти ҷинояти моддаи 170 КҶ ҶТ (Дузанагӣ ё серзанагӣ) шуда наметавонад.
Инчунин ҳамсари шумо шахси болиғ ва мукаллаф мебошад, агар муносибати байни ӯ ва роҳбалад бо розигӣ ва хоҳиши зан ба миён омада бошаду роҳбалад ӯро маҷбур накарда бошад, нисбати роҳбалад ҷавобгарие ҷой надорад.