Дар Қазоқистон ҳодисаи аҷибе ба вуқуъ пайваста ҳамагонро ба ҳайрат овард. Тавре ки хабаргузрии СПУТНИК иттилоъ медиҳад, як зани қазоқ ҳангоми сафар бо қатора дар даруни поез таваллуд кардааст. Дар хабар гуфта мешавад, ки зан дар моҳи нуҳуми ҳомиладорӣ қарор дошт ва танҳо баъди ба поез нишастан эҳсос кард, ки вақи таваллуд карданаш фаро расидааст.
Қатора дар масири Сариагаш-Нур-Султон ҳаракат мекард ва зан ният дошт, ки аз Тараз ба Павлодар равда, аммо дар роҳ ӯро дарди зодан мегирад. Аз зӯрии дард печутоб хӯрдани зани мусофирро дида, кормандони қатор маҷбур шуданд, ки нақши момодояро бозида, мувофиқи донишу тавони худ ба модаршаванда ёрӣ расонанд.
Иҷрокунандаи вазифаи сардори қатора Алдияр Тенгешев ва роҳбалади навбатдор Зина Кунусбоева ёрии таъҷилиро ба истгоҳи наздиктарин даъват намуданд ва барои сиҳату саломат фарзандашро ба дунё овардани зан кӯмак расониданд.