arzon replenishment
Зан баъди ҷарроҳии чоки қайсар чӣ хурда метавонад?
584


Вақте ки кас ҷарроҳӣ мешаванд, вобаста ба вазъияти бемор духтур диетаи махсус таъин менамояд, то ки бо хӯрдани ғизоҳои махсус мариз зудтар саломатии худро барқарор созад.

Занҳое, ки бо воситаи ҷарроҳӣ кӯдакашон ба дунё меояд, бояд кӯшиш намоянд, ки ҳам пайи захми ҷарроҳӣ зудтар шифо ёбад ва ҳам шиками тифли навзоди худро сер намоянд. Мехоҳед донед, ки зан баъди ҷарроҳии чоки қайсар чиҳо хӯрда метавонад? Пас муттаваҷеҳ бошед!

Ҷарроҳии буриши қайсарӣ бори аввал нею зан фарзанди дуюм ё сеюми худро бо ҳамин роҳ ба дунё орад, пешакӣ худашро барои амалиёт ва давраи баъди ҷарроҳӣ омода месозад. Аммо ин ҷарроҳӣ аз ночорӣ ба таври фаврӣ гузаронида шавад, ҳам барои модар ҳам кӯдак вазнинтар аст.

Махсусан занҳое, ки варам кардаанду мадори роҳгардӣ барояшон намемонад, нигоҳубини кӯдак ниҳоят мушкил мешавад. Хуб мешавад, ки нафаре то бартараф шудани оқибатҳои ҷарроҳӣ дар канори зан бошад, то ки лаҳзаҳои душворро бе мушкилӣ гузаронад.

Хӯрок муҳимтарин восита барои барқарор кардани организм маҳсуб меёбад. Онро дуруст ва дар вақташ истеъмол кардани зан ниҳоят муҳим аст.

Пеш аз ба ҷарроҳӣ даромадан зан аз хӯрдани хӯрокҳои сахт, бирёнӣ ва донагию мевагӣ бояд даст кашад. 3-4 соат пеш аз ҷарроҳӣ хӯрок хӯрдан ва об нӯшидан иҷозат дода намешавад. Ҷарроҳии буриши қайсарӣ саҳар бошад, аз нимаи дуюми рӯз зан набояд хӯрок хӯрад.

Баъди ҷарроҳӣ зан ба ҳуш меояд ва ба ӯ тавсия дода мешавад ки бештар об нӯшад. Ин боқимондаҳои наркозро аз организм мебарорад. Дар рӯзи аввали баъди таваллуд хӯрок хӯрдан иҷозат дода намешавад. Ҳамаи моддаҳои зарурӣ бо воситаи қатрадорӯ ба бемор дода мешавад. Ҳолати модар агар хуб бошад, баъди чанд соати ба ҳуш омаданаш кӯдакашро барои ширмаконӣ меоранд.

Дар рӯзи дуюм метавон аз булёни мурғӣ ва ё гӯшти говӣ истеъмол кард, вале сабзавоту гӯшташро ҷудо карда, танҳо шӯрбочаашро ба зани ҷарроҳишуда додан лозим аст. Зан майлу хоҳиш дошта бошад, метавонад гурти пастеризатсия ё твороги беравған хӯрад. Дар менюи ҳаррӯзаи зани ҷарроҳишуда бояд ҳатман 1,5 литр об бошад.

Занҳое, ки бо буриши қайсарӣ кӯдакдор шудаанд, шири синаашон дертар меояд, вале новобаста ба ин, аз рӯзҳои аввал кӯдакро макондан лозимаст. Протсеси ширфароӣ нисбатан дертар шуруъ шавад ҳам, дар муддати як ҳафта барқарор мешавад. Дар акси ҳол зан бояд ҳатман аз назорати мамолог гузарад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД