Дар яке аз боғҳои ҳайвоноти Брон дар Ню –Йорк зане ба қафаси шерҳо ворид шуда, ба “шоҳи ҳайвонот” изҳори муҳаббат кардаву пул пошидааст. Ин бонуи куртасурх бо як дастагули зебо ҷониби шер нигоҳ карда гуфтааст: ”Шоҳам, туро дӯст медорам, барои бурдани ту омадам”. Ҳодиса ҳамагӣ ду дақиқа давом кардаву бонуи ошиқ дарҳол аз ҷониби кормандони боғ аз қафаси шер берун бароварда шуд. Тавре маълум шуд, давоми ду соли ахир бори дуюм аст, ки ин бону шерҳои боғи мазкурро ташвиш медиҳад. Соли 2019 маҳз ҳамин бону ба қафаси шер даромада, бо ҷонварон гап зада буд. Маъмурияти боғи мазкур ният доранд, ки шахсияти ин занро муайян намуда, ӯро ба ҷавобгарӣ кашанд.