Катажина Якубовска аз кишвари Полша соҳиби рекорде гашт, ки на ҳар кас барои ба даст оварданаш ҷуръат мекунад. Ин бону дар дохили зарфи пур аз ях муддати 3 соату 6 дақиқа ва 45 сония тоқат карда, бо ин амалаш ба китоби рекордҳои Гиннес ворид гардид.
Тавре Катажина гуфтааст, ҳангоми дар дохили ях қарор доштанаш на дардро эҳсос кардаасту на ягон мушкили дигарро. Қабл аз он ки барои ба даст овардани ин рекорд тасмим бигирад, бону аз чанд ташхиси тиббӣ гузашта, мутмаин гаштааст, ки бар асари ин амали худ бемор нахоҳад гашт.