Sebiston new 2024 october
Захмиёнро лагадкӯб карданд
752


Дар шаҳри Санкт-Петербурги Россия байни як гурӯҳ муҳоҷирони меҳнатӣ занозанӣ ва ҷанҷоли хунин ба миён омада, дар рафти ин моҷаро чанд нафар сахт ҷароҳат бардоштаанд...

Муноқишаи хунин байни як гурӯҳ муҳоҷирони меҳнатӣ, ки аз кишварҳои Осиёи Миёна мебошанд, дар майдончаи сохтмонӣ сар зада, аксари иштирокчиёни ин моҷаро дар тан либоси корӣ доштаанд.

Сабаби сар задани моҷаро ҳангоми кор маълум нест, вале тавре ки аз наворҳои видеоӣ бармеояд, дар рафти ин муноқишаи бераҳмона тарафҳо ба ҳамдигар заррае тараҳум накарда, ҳатто захмиён ва афтодагонро бераҳмона лагад зада, лату кӯб кардаанд.

Дар наворе, ки кадом як роҳгузар сабт кардааст, дида мешавад, ки чи тавр яке аз иштирокчиёни занозанӣ бар асари зарбаи рақибонаш аз пой афтида, сараш ба асфалт мезанад ва аз ҳуш меравад, вале дигарон ба ҷойи он ки шахси захмишударо аз замин бардоранд, баръакс бераҳмона ӯро лагадкӯб карда, сару рӯяшро хуншор месозанд.

Ба бахти муҳоҷири захмишуда пас аз чанд лаҳза рафиқонаш, ки машғули занозанӣ буданд, ҳолати ӯро пай бурда, доду фиғон мебардоранд, ки ҳоймардум, дар ин ҷо одам мурда истодааст, зудтар ба “Ёрии таъҷилӣ” занг занед.

Бо шунидани ин садои пуртаҳлука рақибон аз ҳам ҷудо мешаванд ва бо ҳамин занозанӣ ба охир мерасад. Тавре ки newizv.ru навиштааст, моҷарои хунин байни муҳоҷирони меҳнатӣ аз мамолики Осиёи Марказӣ дар Лахта-Центр сар задааст, вале сабаби муноқиша ҳанӯз маълум нест.


Ёдрас мешавем, ки моҳи июни соли равон низ дар ҳамин мавзеъ байни муҳоҷирони меҳнатии Осиёи Миёна занозанӣ сар зада буд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД