Formula novemver 2024
Задани Худо (қисми 3)
1910

 

Давомаш... Қисмҳои аввалашро дар ин ҷо хонед.

Апаам бори панҷум ҳомиладор шуд, шавҳараш ӯро ба назди домуллоҳои зӯр бурда хононду интизори тавлиди фарзанд буданд, ин дафъа апаам писари зебое таваллуд кард.

Номашро Раҳмиддин монданд, то раҳми Худо биёяду ӯро аз волидонаш нарабояд. Чиллаи кӯдак баромад, ӯ кӯдаки сафедаку фарбеҳаки нозанине буд. Ҷони апаам ба ҳар тори мӯяш меларзид, вале як шоми зулмот ҳарорати кӯдак баланд шуд.

Волидонам ба хабаргирӣ шитофтанду ман низ ҳамроҳи онҳо рафтам, кӯдак дар оташи таб месӯхт ва болои сараш варам карда буд. То рӯз духтури қишлоқ болои сараш буду мулло мехонд, қарибиҳои субҳ таби Раҳмиддин фаромаду чашмонаш пардаи сафед кашиданд.

Апаам зор-зор мегиристу язнаам беовоз, субҳ хушдомани апаам ба хабаргирии кӯдак омада, аҳволи ӯро дида набераашро ба оғӯшаш зер карда, талх гирист…

Апаам, ки дигар аз ғуруру ман-манияш нишон намонда буд, рӯймолашро аз сараш кушода, ба гарданаш андохту пеши пойи хушдоманаш афтида гуфт:

- Аммаҷон маро бубахш, мани бедаҳани беақли бадбахтро бубахш…

Кампир дасту по хӯрда, кӯдакро ба замин гузошту сари келинашро бағал намуда, пичиррос зад:

- Ман туро кайҳо бахшидам бачам, дуоят ҳам накардаам. Ҳатто бадтарин модар ба фарзандаш чунин рӯзи бадро намехоҳад.

Раҳмиддин бо чашмони нобино чордаҳсола шуда, ҷони апаамро ба лабаш оварда, баъд вафот кард. Баъд аз ин апаам се писари дигар ба дунё овард, шукри Худо ҳамаашон ба воя расида, соҳиби зану фарзанданд.

ҲАМЧУНИН, ХОНЕД:

ГУЛҶАҲОН: МЕХОҲАМ БАРОИ ФАРЗАНДОНАМ САРПАНОҲЕ ГУЗОРАМ

Хушдомани апаам сӣ сол боз дар рӯйи дунё нест, ҳарчанд апаам пас аз оштӣ карданашон қадри ӯро мисли майдаи нон медонист, аммо тири аз камон ҷастаро баргардонида намешавад.

Имрӯз апаам зиндагии серу пур дорад, писаронаш ҳурмату эҳтиромаш мекунанд, аммо келинҳо хушдоманро писанду манзур намекунанд, танҳо аз тарси шавҳарҳояшон як бурда нону як коса хӯрокро наздаш мегузоранд….

Мегӯянд, ғайбати худиро намоӣ, эътиқоди бегона мепарад, аммо ман гумон мекунам сарнавишти апаи ман дарси ибратест ба ҳама келинҳои ҷавон то қадри калонсолонро бидонанд.

Ман муштарии сомонаи «Оила» ҳастам ва бо маслиҳати апаам зиндагиномаи ӯро навиштам. Апаам мегӯяд, ки то ҳол худро назди рӯҳи хушдоманаш шармсору хиҷолатзада эҳсос мекунад. Боқӣ қазоват аз шумост, хонандагони азиз.

Анҷом

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД