1xbet
Ятимдухтар (ҚИСМИ 2)
1467

Балои дусара

Мо ҳамроҳи Наргису Баҳром ҳама ташхисҳоро супоридем ва баъди чанд рӯз онҳоро гирифта ба ҳолати шок афтидем. Зеро духтурон дар бачадони Наргис омоси бадфиолеро ёфтанду Баҳром бошад безурёт будааст. Мо безуриётии Баҳромро фаромуш карда аз пайи табобати Наргис шудем, ду соли дарози табобат фоидае надоду Наргиси ғурамарг оламро падруд гуфт, вале аз ман ризо, зеро ман баъди яксола шудани Шамсу Қамар писараки дигаре таваллуд кардаву ба авсунаму додаршӯям додам. Аммо Шаҳболҷони мо яксола шуду модараш оламро падруд гуфт.

Баҳром дар даврони бемории занаш ба Маскав кӯчиду ҳамроҳи Баҳман кор мекард. Акнун тарбияи Шаҳбол ба души ману хушдоманам буд. Ин ҳама бас набуд, ки як рӯзи яхбандии зимистон шавҳарам хусурамро ба духтури дандон бурду дар бозгашт ба садама афтида ҳалок шуданд. Дили мо аз ин балоҳои ба сарамон омада хун гашт, дар ду- се сол ба зур ба худ омадем. Баҳром дар ин миён хонаашро фурӯхту пул зам карда берун аз Маскав ҳавлии дуошёнаи зебоеро харидорӣ кард, мо ба он ҷо кӯчидем…

Акнун ману Баҳром субҳи барвақт ба кор рафта бегоҳ бармегаштем, тарбияи кӯдакон ба зиммаи хушдомани ғамзадаам буд…

Зани ду бародар

Мо хеле кам ба Тоҷикистон мерафтем, баъди бурда гӯрондани хусуру шавҳарам, гоҳ-гоҳе барои зиёрати онҳо рафта меомадем. Як бегоҳ аз кор баргашта дар хона сари дастархон падару модарамро дидаму аз шодӣ худамро ба гардани падарам овехта то холӣ шудани дилам гиристам. Баъдтар фаҳмам онҳоро хушдоманам даъват карда будааст, баъди ду рӯзи бо мо буданҳо як шом падарам маро наздаш даъват карда таклифе кард, ки ман дар ҷоям шах шудам. Хушдоманам бо волидонам маслиҳат карда маро бо Баҳром, додаршӯям, ки мисли бародар медонистамаш никоҳ карда доданд. Ману Баҳром як ҳафта ҷангу ҷанҷол карда розигӣ надодем, аммо гиряҳои зор-зори хушдоманам сабаб гашту мо зану шӯй шудем…

Як соли дароз Баҳром ёрои ба рӯйи ман нигаристану бо ман гап заданро надошт. Мо дар як ҳавлӣ мисли бегонаҳо зиндагӣ мекардем, танҳо дар ҳуҷҷатҳо ва пеши Худо зану шавҳар будем. Баъд ман ба бемории ҷигар гирифтор шудаму Баҳром маро барои табобат ба Олмон бурд. Ана ҳамин ғамхориҳояш сабаб гаштанду мо баъди ду соли никоҳ бастанамон мисли зану шавҳар бо ҳам зиндагӣ оғоз кардем…

Ҳоло синну соли мо ба ҷое расидаасту писаронамон қад кашида ба воя расидаанд, барои писарони калонӣ аз Тоҷикистон келин бурдем. Шаҳболҷон низ духтараки тоҷикеро дӯст медораду Худо хоҳад сарашро ҷуфт мекунем. Писаронамон бачаҳои баномусу коргаранд, дар зиндагӣ азоби зиёд сӯзу дард дида бошам ҳам, Худованд роҳаташро низ дод…

Хушдоманам навадсола шуда аз олам гузаштанд, ҳарчанд дуои хушдоманамро гирифтаму ба хотири оби чашми ӯ бо писари дигараш хонадор шудам, аммо гоҳ-гоҳе худамро пеши рӯҳи Баҳман гунаҳгор эҳсос мекунам…

ЗЕБО

Таснифи Рухсора САИД

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД