Ман падару модарамро ёд надорам, ятимдухтараму дар тарбияи холаам калон шудаам…
Аз рӯйи нақли холаи меҳрубонам медонам, ки модарам аз дарди гурда ранҷ мекашидаасту ҳангоми таваллуди ман ин дунёро хеле ҷавон, дар синни нуздаҳсолагӣ тарк гуфтааст. Падарам модарамро зиёд дӯст медоштаасту ба ин гардиши қисмат тоб наоварда худашро мепаронад, аз яроқи хизматияш. Ман як моҳ дар беморхона мемонам бибию бобоҳоям маро сархӯри наҳсу бехосият гуфта, аз беморхона намегиранд. Вале шабе модарам ба хоби холаам медарояду ӯ ба хотири рӯҳи хоҳари ормонияш маро қатори шаш нафар фарзанди худ ба фарзанди пазируфта калон мекунад. Дар хонаи холаам зиндагии хуб доштам, хоса шавҳари холаам, ки ман дадааш мегуфтам маро зиёд дӯстдорӣ менамуду эрка мекард. Оҳиста оҳиста аммаю амакҳо, холаю тағоҳо ва бибию бобоҳоям низ ба ман меҳрубон шуданд. Ман гули чизро мепӯшидаму мехӯрдам, азбаски пирмуродҳои зиёд доштам, касе дар кӯчаю мактаб ба ман бо чашми бад нигоҳ намекард. Қад кашида духтари қоматбаланди зебое шудам, табиб шудан мехостам. Падару модарам апаҳоямро ба Коллеҷи тиббӣ дохил карданду маро ба Донишгоҳи тиббӣ, зеро ба саводу донишам боварӣ доштанд. Ман низ саи онҳоро хам накарда донишгоҳро бо сари баланд хатм карда ба ноҳия баргаштам, вале ду моҳ кор карда накарда будам, ки бароям хостгор баромад…
Хандаи бахт
Хостгори ман писари додситони ноҳияаамон буд, хешу табор ба ду гурӯҳ ҷудо шуда буданд. Як қисм ба ин издивоҷ розӣ буданду қисми дигар не, зеро додситон аз маҳалли дигар буд, тамоман ба мо бегона ва дар мо ба бегонаҳо кам касон духтар медиҳанд. Аммо волидайнам домодшавандаро дидаву бо падару модараш суҳбат карда ба никоҳи мо розӣ шуданд. Ману Баҳман ниш ду соҳ бо ҳам вохӯрдаю якдигарро омӯхта ошиқи шайдои якдигар гаштем. Баҳман дар маскав кору зиндагӣ мекард ва баъди тӯй мо бояд ба он ҷо мерафтем. Хусуру хушдоманам аз дори дунё ду писар доштанд, калонияшон Баҳром дар кишвари худамон зиндагӣ мекардаасу оиладор будаст.
Пас аз дидану санҷиданҳо тӯйи мо хеле бошукӯҳ аввал дар ноҳия баъд дар Душанбе доир гашт, баъди понздаҳ рӯзи тӯй мо азми сафари Маскав кардем. Худамро хушбахтарин зани дунё меҳисобидам, пайвандонам ба ман ҷиҳози зебое тақдим намуда буданд. Ман онаву дарамро дар Душанбе ороставу пероста карда калидашро ба авсунам дода ба Маскав паридем. Шавҳарам дар ин ҷо низ барои ҳамкоронаш маърака орост…
Баҳман дар ширкати тиҷоратие кор мекарду мо дар хонаи бошукӯҳи зебое зиндагӣ мекардем, баъдтар ман ҳам ба кор баромадам, дар клиникаи шахсие ба ҳайси духтури занона. Зиндагии хубе доштему аз хандаи бахтам хурсанд будам.
Ташвишҳои зиндагӣ
Хусуру хушдоманам мо ду келинро мисли духтарашон дӯст медоштанд ва мо низ онҳоро аз таҳти дил ҳурматдорӣ мекардем. Хусурам ба нафақа баромаданду ману Баҳман бо зораҳои зор онҳоро розӣ кардем то бо мо зиндагӣ кунанд. Худованд ба ман меҳрашро арзонӣ доду соҳиби ду шоҳписари нозанин гаштам Шамсу Қамар ба зиндагии мо нуре ворид карданд. Хусуру хушдоманам гирди набераҳо парвона буданд, зеро писари калонияшон фарзанд надошт. Дар ҳашт соли зиндагии оилавӣ онҳо дар ба дари табибу духтур рафта бошанд ҳам Худо барояшон фарзанд надод. Ман Наргисро зиёд дӯст медоштаму ӯро ба Маскав даъват намудам то бори дигар аз муоина гузарад, ҳеварам низ ҳамроҳи занаш омад.наргис ба ман миннатдорӣ мекарду аз худам зиёдтар Шамсу Қамари моро нигоҳубин мекард. Ман ба чеҳраи орӣ аз бухлу ҳасади авсунам нигариста гуфтам:
- Апаҷон як бори дигар санҷида мебинем, агар Худованд ба худатон фарзанд диҳад худ, агар не фарзандор шуда ӯро ба шумо медиҳам. Наргис зор-зор мегиристу дастонамро бӯса мекард, мо аҳди апагию хоҳарӣ бастем, аммо…
(Давом дорад)
ЗЕБО
Таснифи Рухсора САИД