Бачаи дӯстдор
Модари озодаю соҳибҷамол ва падари сарфакору меҳнатиям мо панҷ нафар фарзандро дар рӯҳияи инсонгарию меҳрубонӣ ба воя расониданд. Ман байни чор писар духтари ягона бошам ҳам, волидонам кенҷаписари олуфтаашон Мизробро зиёдтар дӯст медоштанд. Падарам иштирокчии ҷанг ва корманди савдо буд, худаш маълумоти олӣ надошта бошад ҳам, кӯшиши зиёд карда, ҳамаи писаронашро соҳиби маълумоти олӣ кард. Бародари калониям иқтисодчӣ, дуввумию сеюмӣ муаллим ва кенҷаписари дӯстдоштаи оила Мизробҷон бошад, табиб шуданд. Ман дар ҳамсоядеҳа шавҳар карда, хонаи падариро тарк карда бошам ҳам, азизи хонадони волидонам будам. Чун Мизроб донишгоҳро хатм кард, бародари калониям дар ҷустуҷӯи келин афтид, ҳама духтарони зери чашм намудаи модарамро рад карда, қатъӣ гуфт, ки барои додарам духтари хондагиеро келин мекунаму барояш дар Душанбе хона мехарам. Бояд ягон нафар дар шаҳр дошта бошем, то лаҳзаҳои зарурӣ саргардон нашавем. Ба келинҳои дигарамон, ки ҳама ба қавле нохонда буданд, ин гап сахт расида бошад ҳам, чизе нагуфтанд. Модарам ҳам худат медонӣ гӯён, ба акааам иҷозат доданд.
Келини босавод
Баъд аз як моҳи ҷустуҷӯҳо акаам келини хондагӣ ёфт, ӯ духтараки соҳибҷамол, хатмкардаи факултаи забонҳои хориҷии Донишгоҳи омӯзгорӣ буда, хонаашон дар маркази ноҳия буд. Аз рӯи нақли акаам фаҳмидем, ки модари келиншаванда баъди фавти ҳамсараш чор духтарро сари танҳо ба воя расонидааст. Мизробу Бону вохӯрданду онҳо якдигарро маъқул карданд, бародаронам тӯйи бошукӯҳе ороста, арӯсро ба хона оварданд. Арӯсу домоди нав танҳо чил рӯз бо мо монданд, зеро падару бародаронам ҳамаи пасандозашонро ҷамъ карда, барои онҳо дар шаҳр ҳавличаи зебоеро харидорӣ карданд. Мизроби мо ҷавони миёнақади ситорагарме буд, Бону бошад, қоматбаланди сапсафеди хеле боғурур, дар нигоҳаш як нописандие лона дошт ва модарам аз рӯзи аввали ӯро диданаш гуфт:
-Ин духтар, писари маро хушбахт намекунад. Худо гирад, келинёбиҳои Ғиёса!
Баъд аз як соли тӯйи Мизроб аввал модарам, баъд падарам ин оламро падруд гуфтанд, мо банди ғаму дард ва зиндагии хеш нафаҳмида мондем, ки келини хондагӣ ва бомаънии ёфтаи акаам Мизробро зери по карда гирифтааст. Мизроб бо садои занаш лаббай мегуфту намегузошт, ки дасташро ба қавле ба оби хунук занад. Бону писарча таваллуд карду ҳамроҳи зани бародари калониям тӯҳфаҳои зиёде бардошта, ба дидани кӯдак рафтем. Бону рӯи диван хоб буду хоҳари донишҷӯяш тамоми кору борашро мекард, Мизроб бошад, дояи кӯдак буд. Бону худашро ба касал зада, дар ду рӯзи дар хонааш будани мо доим хоб буд, ҳамин гуна муносибаташ буд, ки оҳиста-оҳиста пою қадами хешу табор аз даргаҳаш канда шуданд. Ҳатто бародари калониям Ғиёс, ки ҳавлиро барои келини хушкардаю додараш харида буд, аз муносибати сарди келинаш хафа шуда, ба хонааш намерафт.
«Суперкелинчак»
Беҳуда хоҳарро силаи раҳм наменоманд, дилам ба ҳоли додари латтаам месӯхту ба қавоқҳои андохтаи Бону нигоҳ накарда, гоҳ-гоҳе ба хабаргирии онҳо мерафтам. Бонуро акнун шинохта намешуд, ӯ писарашро ба боғчаи бачагон дода, дар донишгоҳе ба ҳайси омӯзгор ба кор даромада буд, кори Мизроб низ хуб буд, ӯ дар беморхонаи ҳарбие духтур буд. Бону мӯйҳояшро кӯтоҳ карда, ба онҳо ранги зард молида буду доманҳои аз ҳад зиёд кӯтоҳ ва пираҳанҳои ҳарир мепӯшид. Мудом дар хонааш хоҳаронаш хизматашро мекарданд, чанд бор дар танҳоӣ ба Мизроб гуфтам:
-Камтар ҷилави занатро каш! Медонам ӯ зани коргар аст, аммо на дар шаҳру на дар деҳа ягон занро надидам, ки мисли ӯ либос пӯшад, айб аст. Аммо Мизроб кайҳо ба латтаи фаршшӯӣ табдил ёфта буду гапро ба шӯхӣ бурда мегуфт:
-Апаҷон, одат кун, ту ба ҳамон янгаҳои пахтачинат, ки аз баданашон бӯйи поруи гову гӯсфанд меояд, одат кардаӣ. Бонуҷони мо устоди донишгоҳ, аспирантура мехонад, Худо хоҳад, номзади илму профессор низ мешавад, ана баъд фахр мекунӣ! Кош модарам зинда мебуданду болои кати лаби дарёча нишаста, ба келини соҳибҷамолаш фармон медод,- гоҳи дигар мегуфт Мизроб. Ман низ паст намеомадаму мегуфтам:
-Худо раҳми модарамро хурду бо обрӯи Муҳаммадӣ ин
шармандагиро надида, аз дунё рафт.
Бону дар будани ман ҳам шарм надошта, хеле дер ба хона меомаду “ҳамроҳи ҳамкорон дар тарабхона ғизои шом хӯрдем” гуфта, ба хонаи хобаш медаромад. Агар мехост, Мизробро ба хонаи хобаш роҳ медод, агар намехост не! Дар ягон тӯйю маъракаамон намеомад, бо мо умуман робитаашро канда буд. Ҳарчанд аз бародаронам хоҳиш мекардам, ки чорае андешанду боре бо зани додарашон сӯҳбат кунанд, онҳо гапамро намегирифтанд. Боре назди бародари калониям гиря карда гуфтам:
-Акаҷон, ҳамон сарлучи беэзорро шумо ёфта, додарамро ба бало гирифтор кардед, акнун мебинед, ки ӯро хар карда, болояш савор шудааст, чаро пеши роҳашро намегиред!- Акаам бо дард хандиду гуфт:
-Хоҳарҷон, охир ман чӣ гуна метавонам ба кори оилаи дигар кас, ба зани дигар кас фармонравоӣ кунам?! Додарамон хар, ки будааст, занаш болояш савор шудааст, вагарна Худо маро бахшад, мисли модари мо соҳибҷамолу мисли падари мо баднамуд дар дунё набуд. Вале модарам аз як нигоҳи падарам мисли барги бед меларзид, ҳарчанд ҳеҷ гоҳ гапи сахтро барояш раво намедид. Дигар чӣ ҳам мегуфтам, хулоса акаҳоям аз Мизроб рӯй гардонданд…
Хиёнати Бону
Ҳарчанд бародаронам бо Мизроб муносибати хуб надоштанд, вале ману янгаи калониям, ки ҳангоми омадани ӯ Мизроб бачаяки хурд буду ӯро мисли фарзандаш дӯст медошт, ба хонаи додарам мерафтему халос. Солҳо мегузаштанду Мизробу Бону соҳиби як духтараки дигар низ шуданд, додарам дар беморхонаи ҳарбӣ кор мекард ва хеле барвақт ба нафақа баромад. Нафақаи хуб мегирифт, вале ин ҳама Бонуро қаноат намекарду Мизроб ба Русия барои кор рафт. Янгаи хондагиям на номзади илм шуду на прафессор, акнун ӯ хизматгор дошту моҳҳои дароз ба Ҳиндустону Арабистон рафта, тиҷорат мекард. Писараш мактабро хатм карда, ба донишгоҳ дохил шуд, намедонам барои чӣ бошад, муносибаташ бо модараш хуб набуд… Як субҳи барвақт нав ношто карда, фарзандонамро ба мактаб ва шавҳарамро ба кор гусел карда будам, ки мошине назди дарвоза қарор гирифт, берун баромада, Мизробро пушти дар дидам. Ӯ бедимоғ аҳволпурсӣ карда, ба хона даромаду сари дастархон бо ашки шашқатор нақл кард, ки дар набудани ӯ занаш ба милисае ба шавҳар баромадааст. Аз ҳайрат дар ҷоям шах шудам, ҳарчанд ноодамии янгаамро донам ҳам, то ин дараҷа…
-Писарам телефон карда гуфт, ки “дада, модарам се моҳ боз бо марди дигар зиндагӣ дорад, ҳамроҳи вай ба хориҷа меравад, ӯ шабҳо омада дар хонаамон хоб мекунад, агар наоед, худамро мекушам”. Ба хотири писарам омадам, вагарна дигар ёди Ватану он ҷалаб намекардам,- бо маҳзунӣ идома дод ба суханаш Мизроб.
Имрӯз Бону бо шавҳари навашу духтараш дар ҳавлии харидаи бародарони ман ва аз нав дигаргункардаи Мизроб зиндагӣ дораду додари бечораи ман дар нимароҳи умр ҳамроҳи писараш дар Маскав ғариб аст…
Анҷом
Мақсади ман аз нома навиштан ба ҳафтавори дӯстдоштаам «Оила» ҳаргиз сиёҳ кардани Бону нест, ӯро ба Худо месупорам. Аммо аз мардони азиз хоҳиш дорам, ки хубии аз ҳад зиёд ҳам занро маст мекунад. Мард бояд сиёсат дошта бошад, сиёсат ҳаргиз маънои задану хушунатро надорад, вале гапи мард дар оила бояд гап бошад. Ҳарчанд дилам барои додараки азизу меҳнатӣ ва беозорам хун аст, вале боз дар дилам ӯро мазаммат мекунам, ки ҷилави занашро ба даст гирифта натавонист….
Алоҳида, сокини вилояти Хатлон
Таснифи Нисо Холид