arzon replenishment
ЯКШАНБЕИ ХУНИН
9242


Манаввар ҳамагӣ 24-сол дошт. Ин ҷавони чусту чолок бо қалби моломоли орзуву ҳавасҳои ширин ба сафар баромад, бехабар аз он ки сафараш бо фоҷиа анҷом хоҳад ёфт. Дареғо, ки ба ҷойи Мунаввари чеҳрахандон аз он ҷониб тобути ғарқи хуне баргашт...

Абдуллои 35-сола ҳам “марди сафар” буд, аммо барои ӯ ҳам ин сафар хунбор анҷом ёфт. Дигар дидани чеҳраи гарми ин ҷавонмарди Рустамбозу ба аҳли хонадонаш ҳаргиз муяссар нахоҳад гашт...
Ду хона мотамсарой гаштаву садои во балам гӯйии ду модари зор синаи осмонро мехарошад. Қомати ду падар шикаставу бародарон сарафканда гашта, аз дидагони апаву хоҳар, зану фарзанд ва хешу ақрабои ин ду ҷавонмарди ормонӣ ашк не, хун меборад...

Оре, хун мегирянд пайвандонашон дар мотами ду ронанда, ки аз сафари Хуҷанд дар тобутҳои хунчакон баргаштанд.
Ин фоҷиаи ҷигарсӯз шоми якшанбе, 27-уми сентябр, тахминан соатҳои 19-30 ба вуқуъ пайваст. Сокини ноҳияи Ҳисор Абдулло Давлатови 35-сола ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе-Чаннок-Хӯҷанд аз ӯҳдаи идораи кардани “ДУЛАН” набаромад ва мошин ба самти муқобили ҳаракат баромада ба “Хундай-Старекс” бархӯрд, ки дар паси чамбараки он сокини шаҳри Душанбе Мунаввар Раҷабзодаи 24-сола нишаста буд. Дар натиҷаи ин садамаи хунин ҳарду ронанда ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ҷон ба ҷонофарин супурданд.

Ҳамон шоми сиёҳ боз як садамаи хунин дар Данғара рӯй дода, боиси марги одамони бе гуноҳ гашт. Ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел” Самариддин Сайдалиеви 25-сола аз ӯҳдаи идора кардани мошин набаромада ба сутуни бетонӣ бархӯрд. Мусофирони “Опел”-и сархӯр Ҷонибек ва Қурбоналии 26-сола ҷароҳатҳои зиёде бардошта дар бемористон ба ҳалокат расиданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД