Арўс не, яккамахав
Рўзи аввали арўсияш янгаам бо як хилъати хонапўшии хеле кўтоҳ аз ошёнаи дуюм поин шуду акааамро ба кор гуселонида, боз ба хонааш даромада, дарро баста, то нимарўз хобид. Модарам арўс танҳо аст, канӣ як баромада бин гўён, ману хоҳарамро боло равон кард, аммо янгаам ман наметарсам дар хона Қуръон ҳаст гўён, моро ҳатто ба хона даромадан намонд. Нисфи рўз баромада, ҳоҷатхона рафту боз хонааш даромад, модари ҳайратзадаам ба ман фармуд, ки ба янгаам хўрок барам, ман супориши модарамро иҷро кардам. Як ҳафтаи дароз ҳол ҳамин буд, падарам ҳоло одат мекунад гўён модарамро тасалло медод, вале…
Агар гўем, ки янгаам аз оилаи сарватманд аст, фаҳмидан мумкин, ки бойдухтари эрка, вале онҳо зиндагии камбағалона доранд. Ҳафт духтару як писаранд, вале барои чӣ ў ин қадар назарбаланду нописанд аст, номаълум. Инак, як сол мешавад, ки авҳол ҳамин, ҳар гоҳе ба хона меравам, авҳоли модарамро дида, дилам хун мешавад. Хешдухтараш ўро одам ҳам намедонад, ғайри руфтану тамиз намудани хонаи худаш дигар ба ягон кор даст намезанад. Кори хона дар сари модараму хоҳараки бечораам, ҳарчанд модари ман ҳеҷ гоҳ келинашро ғайбат намекунад, вале ҳақу ҳамсоя ҳама яккамахав будани келинамонро медонанд…
Хотири пайвандон
Акаам бо ин ҳама ношоистагияш ҳамсарашро дўст медораду корҳои ўро нодида мегирад, боре ба модарам гуфтам, ки биё ман бо янгаам маслиҳат кунам, вале ў намонд. Падарам гуфтааст, ки ҳаққи ин аз хона рондан аст, аммо хотири пайвандон ин корро карда намешавад аз ин рў хонаашонро ҷудо мекунам…
Хоҳарам мегўяд, келин ҳатто вақти бемории модарам дарашро накушоду авҳолашро напурсид, дар як хона мисли бегонаҳо зиндагӣ мекунанд. Аз хўрокҳои пухтаи онҳо истеъмол мекунад, худаш даст ба об намезанад, ҳамроҳи аҳли оила сари як дастархон намешинад. Падари бечорааш рости гапро гуфта будааст, аммо мо онро «нози духтардор» пиндошта будам…
Боре дар як маърака бо як ҳамсояи янгаам вохўрдам ва хоҳаршўйи Дурдона будани маро шунида, наздиктар нишаста гуфт:
- Янгаат кўҳрӣ аст, ё созтар шудааст?
Ман бо ханда гуфтам, ки не, соз аст.
Ў оҳиста илова кард, ин авлод дар куҷое зананд, он ҷоро вайрона мекунанд. Холаи калонияш ба як оилаи баобурў келин шуда рафта буд, он оиларо тика-тикаю ба ҳам душман кард, вале худаш сиёҳпича шуд. Духтари ҳамон холааш як ҷавони беҳтарини деҳаи моро гирифт, номаш ба дузди баромад хонаи хушдоманро ғорат мекунад, дар қишлоқ ҳама дуздакаш мегўянд, номаш кайҳо фаромўш шудааст. Модари Дурдона хусуру хушдоманашро аз хонаашон ронд, мўйсафеду кампир дар ба дари фарзандон шуданд. Як холаи дигараш, Нозила-девонааш мегуфтанд, як дузди дигар буд…
- Ҳа, вай зани тағоям,- гуфтам гапашро бурида…
Ҳамсўҳбатамро касе ҷеғ заду бо ҳамин дигар ўро надидам, ва худ ба худ андешидам, ки ба кӣ Худо моро дучор овардааст…
Намедонам, оқибати ин зиндагӣ чӣ мешавад, вале янгаи ман чунин рўзгор дорад…
Мақсадам аз номанигорӣ ғайбату сифати янгаам нест, танҳо аз ҳамсолонам як хоҳиш дорам: вақте ба зиндагии мустақил қадам мениҳед, ҳама хислатҳои кўдакию наврасиятонро дар хонаи волидайнатон монда, баъд равед…
НИСО
Таснифи Рухсора САИД