Яке аз қаҳвахонаҳои Испания ба мизоҷони худ яхмосеро пешниҳод менамояд, ки дар шакли ҳайкали машҳури Венера Милосская омода шудааст.
Таркиби яхмос аз қулфинай, лимӯ ва гармдору (имбирь) иборат мебошад. Ягона фарқияти яхмос аз муҷассамаи ҳақиқӣ ҳамин аст, ки дар яхмос пистонҳои Венера дида намешаванд. Ин идеяи соҳиби қаҳвахона мебошад, ки ба бемории саратони сина гирифтор аст. Ӯ маблағи аз фурӯши яхмос бадастовардаашро ба донишгоҳе мефиристад, ки барои гирифторони саратон дору таҳия мекунанд.