Arzon march 2024
ЯК УМР БЕ ФАРЗАНД МОНАМ ҲАМ, ҲАРГИЗ ТУРО ТАРК НАМЕКУНАМ.
3365

 
Дар нуқтаҳои фурӯши дискҳо филмҳои ошиқӣ хеле зиёданд. Аксарият вақти тамошо кардани чунин филмҳо мегӯянд: «Ин дурӯғ аст. Дар зиндагӣ муҳаббати ҳақиқӣ вуҷуд надорад. Ишқ танҳо дар кинову афсонаҳо ҳаст…» Ман ҳам ҳамин гуна фикр мекардам, то даме, ки аз модарам таърихи муҳаббати бобову бибиямро шунидам. Нақли модарамро гӯш карда бо азоб аз гиря худдорӣ намудам.

Бобою бибиам зану шавҳари муқаррарӣ буданд, лекин меҳрубониашонро дида беихтиёр кас фикр мекард, ки онҳо Лайлӣ ва Маҷнуни навин ҳастанд.

Бобоям Абдуҷалол Каримов зани рус доштанд. Онҳо соли 1952 дар Краснодар бо ҳам шинос шуда, риштаи ишқу муҳаббат бастаанд. Он вақт бибиам Матрёна ҳамагӣ 21- сол доштааст, вале ишқи тоҷикбача ин духтараки нозанини русро ба Тоҷикисон меорад.
Бобоям арӯси чашмкабудашро ба деҳаи Хистеварз оварда, бо риояи тамоми расму русуми тоҷикӣ Матрёнаро ба занӣ мегирад. Оилаи бобоям одамони камбағал будаанд. Дар деҳа сахт азоб кашидани ин духтараки нозпарварди русро дида, баъди чанд вақт бобоям ба Мат рёна мегӯянд, ки ту шароити маро бо чашми худат дида истодаӣ. Мебинӣ, ки дар чи аҳвол зиндагӣ мекунем. Мо дамони камбағал ҳастем, як луқма нонамонро базӯр меёбем, хонаамон ягон шароит надорад. Ҳоло ҳам дер нашудааст, беҳтараш гашта ба ватанат рав. Ман туро хушбахт карда наметавонам...

-Ман туро ягон вақт тарк намекунам. Мо аз ҳамдигар ҷудо намешавем. Ҳардуямон кор мекунем, оҳиста-оҳиста ҳамааш хуб мешавад, мегӯяд дар ҷавоб Матрёна.
Ҳамин тавр зану шавҳар дар заводи консервабарорӣ кор карда, оҳиста-оҳиста соҳиби ҳама чиз мешаванд, вале аз байн чанд сол гузашта бошад ҳам, соҳиби фарзанд намешаванд. Табибон иллати бефарзандиашонро дар бобоям дида мегӯянд, ки занат ягон айб надорад, агар ба марди дигар ба шавҳар барояд, ба зудӣ бачадор мешавад.

-Ман бе насл ҳастам. Ҳаётатро беҳуда бо як марди безурриёт хазон накун. Бароят билети самолёт мегирад, ба Ватанат бирав. Ту ҳоло ҷавон ҳастӣ, шояд ба ягон каси дигар ба шавҳар баромада соҳиби фарзанд мешавӣ ва хушбахт мегардӣ,-мегӯяд бобоям.

-Ман бе ту зинджагӣ карда наметавонам. Як умр бе фарзанд монам ҳам, ҳаргиз туро тарк намекунам. Дар дунё ягон мушкиле нест, ки осон нашавад. Мо ҳам ягон кӯдакро ба фарзандӣ гирифта, оилаамонро мустаҳкам мекунем,-мегӯяд бибиам ва бобоямро сахт ба оғӯш мегирад.

Ҳамин тавр зану шавҳар бо маслиҳати ҳамдигар духтарчаи навзоди як хеши наздикашонро ба фарзандӣ қабул мекунанд. Онҳо падари модари аслии модарам набошанд ҳам, ӯро мисли нӯри дидагонашон эркаю азиз карда ба камол расонидаанд. Модарам нақл мекунанд, ки ҳар субҳи бобову бибиам бо калимаҳои «ман туро дӯст медорам» оғоз меёфтааст. Онҳо якдигарро «азизам», «ҷонам» гуфта фарёд мекардаанд.

Ба пириашон нигоҳ накарда, бибиям барои хурсанд гардонидани бобоям, соатҳо дар ошхона бо пухтупаз машғул мешуданд. Бобоям аз кор дер оянд, бибиям ба наздашон мерафтанд. Бобоям шӯхикунон мегуфтанд: «Ту зани ман не, думи ман ҳастӣ!».
Боре бобоям сахт бемор шуда ба беморхона афтиданд. Бибиям танҳо 3-4 рӯз бобоямро надида бошанд ҳам, дар беморхона ҳардуяшон чунон гиря карда, ҳамоғӯш шуданд, ки гӯё солҳо аз якдигар ҷудо шуда бошанд. Ҳамаи беморони дар палата буда ба ҳайрат афтоданд. Онҳо мегуфтанд: «Наход чунин муҳаббат дар ҳақиқат вуҷуд дошта бошад?!»

19 январи соли 2011 бибиям ба бемории фалаҷ гирифтор шуданд. Як соли дароз бобоям бибиямро нигоҳубин карда, ҳамаи нозу нузашро мебардоштанд. Дар ҳамин ҳолат ҳам ҳар саҳар «ман туро дӯст медорам» гуфтанро давом медоданд. Пас аз як сол бибиям аз олам чашм пӯшиданд. Дар ёд дорам, бобоям дар вақти ҷаноза дод зада мегуфтанд:

«Ту ваъда дода будӣ, ки маро тарк намекунӣ, мегуфтӣ, ки мо ҳеҷ вақт аз ҳамдигар ҷудо намешавем. Мо 61 сол якҷоя зиндагӣ кардем, лекин ин солҳо чун як рӯз гузашта рафтанд. Ман бо ин як рӯз сер нашудаам. Ман сер нестам!»


Баъд аз вафоти бибиям бобоям дар давоми ду сол ҳар субҳ соати 4 ё 5 аз хоб бархоста дар ҳаққи раҳматии бибиям Қуръон мехонданд. Он кас ҳатто дар рӯзи аз дунё гузаштанашон низ субҳи барвақт ин корашонро карданд.

23 ноябри соли 2014 бобоям ин дунёро тарк гуфтанд. Калимаҳои охирини ин Маҷнуни сонӣ чунин буд: «Занакҷон, ман омадам, чой тайёр-мӣ?!»
Ман намедонам онҳо ҳоло дар куҷоянд, лекин аниқ медонам, ки дигар ҳеҷ гоҳ аз ҳамдигар ҷудо намешаванд!

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД